Феврал 11, 2018 19:46 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики раисиҷумҳури Мавритания ба Эрон ба муносибати пирӯзии Инқилоби Исломӣ

Раиси ҷумҳурии Мавритания бо ирсоли паёме ба раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, солгарди пирӯзии Инқилоби Исломиро ба Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, давлат ва миллати Эрон табрик гуфт.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммад вулд Абдулазиз, раисиҷумҳури Мавритания дар ин паём, зимни орзӯи осоишу пешрафти бештар барои мардуми Эрон, 39-умин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломиро ба Оятуллоҳ Хоминаӣ- Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва миллати ин кишвар табрик гуфт.

Муҳаммад вулд Абдулазиз дар н паём таъкид кард, Мавритания барои тақвияти равобити дуҷониба бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷиҳати манофеи муштараки мардуми ду кишвар, омодагӣ дорад.

Инқилоби Исломии Эрон, 11 феврали 1979 ( 22 баҳмани 1357 ) ба раҳбарии ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ.) ба пирӯзӣ расид.

Мардуми саросари Эрон ҳар сол ба муносибати пирӯзии Инқилоби Исломӣ, бо ҳузури густарда дар роҳпаймоии Явмуллоҳ-22 баҳман, бо ормонҳои ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори Ҷумҳурии исломӣ ва ҳазрати Оятуллоҳ Хоминаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, таҷдид мисоқ мекунанд.