Феврал 12, 2018 12:28 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии Раҳбари инқилоби исломӣ аз мардуми Эрон

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ якшанбешаб дар паёме аз миллати Эрон ба далели ҳузури ҳамосӣ ва хиракунандаи онон дар роҳпаймоии явмуллоҳи 22-юми баҳман таҷлил (қадрдонӣ) карданд.

Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин паём хотирнишон карданд, азамати роҳпаймоии рӯзи якшанбеи миллати Эрон, ки ба назари муҳосибагарони дақиқ, аз солҳои пеш пурҷамъияттару пуршӯртар буд, посухи қотеъ ва дандоншикане ба бегонагону душманону сустаҳдон дод.

Эшон дар ин паём бо ишора ба ин ки душман бо такя бар тасаввури ноқису ботили худ аз Эрону эронӣ, ҳамаи тавону талоши таблиғии худро бар ин мутамарказ карда буд, ки 22-юми баҳмани имсолро беравнақ ва аҳёнан ба зидди худ табдил кунад, афзуданд: “Миллати Эрон амалан зиндаву пӯё будани инқилоби исломии Эронро ба рухи душман кашиду пойбандӣ ба ормонҳои Имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эронро бо шиорҳову ҳузури гарми худ бо садои баланд фарёд зад”.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аз масъулони Эрон хостанд, қадри ин падидаи беназирро бидонанд ва бо истиқомати комил рӯҳияи инқилобӣ ва амали ҷиҳодӣ ба миллати азизи Эрон хидмат ва аз ормонҳои инқилоб дифоъ кунанд.

Роҳпаймоии сивунуҳумин Солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон рӯзи якшанбе, ҳамзамон дар Теҳрон ва беш аз ҳазор шаҳр ва чаҳор ҳазор русто дар саросари Эрони исломӣ баргузор шуд.

Инқилоби исломии Эрон ба раҳбарии ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи 11-уми феврали соли 1979 (22-юми баҳмани соли 1357-и ҳиҷрии шамсӣ) бар режими шоҳаншоҳии паҳлавӣ пирӯз шуд.