Маҳфили шеъри порсизабонон ба муносибати Солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ
Маҳфили шоирони порсизабон асри душанбеи 23-юми баҳман (12-уми феврал) ба мизбонии шаҳри Қуми Эрон баргузор мешавад.
Ба гузориши равобити умумии Бунёди шеъру адабиёти достонии эрониён, маҳфили шеъри “Фаҷр” бо шеърхонии беш аз 20 шоир аз Эрон ва кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон рӯзи душанбе дар шаҳри Қум баргузор мешавад.
Ҳамчунин устод Муҳаммадалии Муҷоҳидӣ ва доктор Муҳаммадсарвар Мавлоӣ аз аъзои ҳайати илмии дувоздаҳумин Ҷашнвораи байналмилалии шеъри “Фаҷр” дар ин маросим суханронӣ хоҳанд кард.
Дувоздаҳумин Ҷашнвораи байналмилалии шеъри “Фаҷр”, ки 25-уми январ дар устони Кирмоншоҳи Эрон кори худро оғоз кард, дар нимаи нахусти исфанди 1396-и хуршедӣ (феврал-марти соли 2018 ) дар Табрез бо муаррифии баргузидагон ба кори худ поён медиҳад.
Соли гузашта дар ёздаҳумин Ҷашнвораи байналмилалии шеъри “Фаҷр”, ки ба дабирии Муҳаммадкозими Козимӣ, шоири барҷастаи афғонистонии муқими Эрон баргузор шуд, дар бахши вижаи Афғонистон, аз панҷи китоби шохис аз миёни китобҳои чопшудаи 10 соли ахири шоирони ин кишвар қадрдонӣ шуд.