Март 20, 2018 21:53 Asia/Dushanbe
  • Солгарди шаҳодати Имом Ҳодӣ таслият бод!

Чаҳоршанбе, сеюми раҷаби соли 1439-и ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо бистуякуми Марти соли 2018-и мелодӣ солгарди шаҳодати ҳазрати Имом Алӣ Нақӣ (а), аз наберагони поки Расули гиромии Ислом (с) аст.

Эшон соли 212-и ҳиҷрии қамарӣ дар наздикии шаҳри Мадина ба дунё омаданд ва таҳти роҳнамои‎ҳои падари бузургворашон Имом Ҷавод (а) қарор гирифтанд. Имом Алӣ Нақӣ (а) баъд аз шаҳодати падар уҳда‎дори имомат ва раҳбарии ҷомеаи исломӣ шуданд.

Ҳодӣ аз лақабҳои машҳури эшон ба маънои ҳидояткунанда аст. Ҷамъи касире аз бузургони илму адаб назди Имом Алӣ Нақӣ (а) гирд меомаданд ва аз дарёи дониши он ҳазрат баҳра ме‎бурданд. Илму дониши густурдаи Имом Ҳодӣ (а) аз як сӯ ва маҳбубияти бисёри эшон миёни мардум аз сӯйи дигар ҳасодату ҳароси ҳокимони Аббосиро бармеангехт, то ҷое ки саранҷом, эшон дар соли 254-и ҳиҷрии қамарӣ, дар синни 42-солагӣ ба дастури Муътамади Аббосӣ ба шаҳодат расиданд.

Радиои “Садои Хуросон” фаро расидани солгарди шаҳодати ҳазрати Имом Алӣ Нақӣ (а)-ро ба Шумо, дӯстдорони хонадони Паёмбари акрам (с), таслият мегӯяд.