Ифтитоҳи ду пружаи бузурги иқтисодӣ бо ҳузури Рӯҳонӣ ва Алиев дар Боку
Раисҷумҳурҳои Эрону Озарбойҷон корхонаи мошинсозии “Хазар” ва хати роҳи оҳан Астаро –Астараро рӯзи панҷшанбе дар ҳамоиши иқтисодии тиҷорӣ дар Боку ифтитоҳ карданд.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсатҷумҳурии Эрон, хати тавлиди маҳсулоти Эронхудрав дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар марҳалаи нахуст бо зарфияти тавлиди солона 10 ҳазор мошин оғоз ба кор мекунад, ки бо тавсеаи зарфияти он тавлидаш ба 15 ҳазор мошин дар сол хоҳад расид. Маҳсулоти тавлидшуда дар корхонаи Ҷумҳурии Озарбойҷон ба кишварҳои узви ИДМ, ки қарордоди тарҷеҳӣ миёни онҳо иҷро мешавад, содир хоҳад шуд.
Дар ин ширкати тавлидии фанновариҳои замонавӣ таҷҳизот ва дастгоҳҳои пешрафта ба кор гирифта шудааст. Ҳамчунин дар ҳамоиши иқтисодии Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон хати оҳани Астара-Астара аз тариқи видеоконфронс ифтитоҳ шуд. Ин хати оҳан Астараи Эронро ба Астараи Ҷумҳурии Озарбойҷон мепайвандад. Иттисоли хати оҳани Астара – Астара ба роҳи оҳани Аврупо таҳаввули бузурге дар минтақа эҷод мекунад ва пас аз иттисоли ин роҳи оҳан ба Рашт ва эҳдосу такмили роҳи оҳани Рашт - Астара долони рейлии шимолу ҷануби Эрон комил хоҳад шуд.