Март 31, 2018 17:11 Asia/Dushanbe
  • Медали тило – ҳадяи Академияи улуми Русия ба профессор Самеӣ

Медали тилои Академияи улуми Русия ба номи Николай Пирогов (пизишки номии рус) ба профессор Маҷид Самеӣ, чеҳраи мондагори илмии Эрон ва ҷаҳон эъто шуд.

Ба гузориши ИРНА, Медали Николай Пирогов ба хотири хадамоти инсондӯстонаи профессор Самеӣ дар заминаи ҷарроҳии мағзу асаб ва улуми аъсоб дар сатҳи байналмилал ва беҳбуди стандартҳои ҷарроҳии асаб ҳадя шудааст. Профессор Самеӣ дар маросими эътои ин медал гуфт: “Дарёфти ин медал аз Академияи улуми Русия барои ман ифтихори бузург аст”.

Дар маросими Академияи улуми Русия ҳамчунин ба 14 нафар аз муҳаққиқон дар арсаҳои мухталиф медали тило ҳадя шуд.

Николай Пирогов (1810-1881), донишманди барҷастаи рус, пизишк, муаллим, шахсияти миллӣ ва узви Академияи улуми Русия буд. Ӯ бунёнгузори ҷарроҳӣ дар ҷабҳаи ҷанг шинохта мешавад ва яке аз аввалин ҷарроҳони аврупоӣ аст, ки аз етер барои биҳушӣ истифода ва анвои амалҳои ҷарроҳиро ихтироъ кард.

Ин дувумин ҷоизаи эътоии кишвари Русия ба хотири хадамоти илмӣ ва иҷтимоии профессор Самеӣ аст. Соли 2017 низ аввалин медали тилоии профессор Александр Коновалов ба манзури қадрдонӣ аз таъсири мусбат ва вижае, ки профессор Самеӣ бар рушд ва тавсеаи ҷарроҳии мағзу асаб дар Русия дошт, ба ин чеҳраи эронӣ ҳадя шуд.

 

Барчасп