Апрел 01, 2018 15:54 Asia/Dushanbe
  • 12 фарвардин рӯзи ҷумҳурии исломии Эрон

Имрӯз 12 фарвардин рӯзи ҷумҳурии исломӣ, таҷалли воқеии хост ва иродаи миллати бузурги Эрон дар таҳаққуқи иззати исломӣ ва таъини сарнавишти кишвар ба дасти мардуми муъмин ва инқилобии Эрон аст.  

Дувоздаҳуми фарвардини 1358 ҳиҷрии шамсӣ (аввали апрели 1979) сабти барги заррине дигар бар раъси дурахшон ва тобноки муҷоҳидатҳои истиқлолталбона ва озодихоҳонаи таърихи башарӣ аст, ки метавон ба ҷуръат онро дар таърихи муосир беназир донист.

Миллати Эрон дар нахустин рӯзҳои пирӯзии инқилоби шукӯҳманди исломӣ дар лабайк ба имом ва муқтадои хеш бо ҳузури огоҳона дар арсаи интихобот ба ҷумҳурии исломӣ раъйи мусбат доданд ва аз ҳамон ибтидо ба ҷаҳониён нишон доданд, ки бар сарнавишти хеш ҳоким ҳастанд.

Дувоздаҳуми фарвардини 1358 ҳиҷрии шамсӣ миллати Эрон бо ҳузури сарнавиштсози худ дар пои сандуқҳои раъй дар нахустин интихобот дар таърихи низоми муқаддаси ҷумҳурии исломии Эрон ба ҳамаи дунё нишон дод, ки даврони мудохила ва тасмимгирии бегонагон барои миллати Эрон сипарӣ шудааст ва миллати Эрон босалобат роҳи имом ва муқтадои хешро, ки ҳамоно раҳоӣ аз султаи бегонагон аст, идома хоҳад дод.

Миллати рашиди Эрон имсол (соли 1397 ҳиҷрии шамсӣ) низ мекушад, бо талоши музоаф дар ҷиҳати эътилои низоми муқаддаси ҷумҳурии исломии Эрон ба самти фатҳи қуллаҳои пешрафт ва адолат гомҳои асосӣ ва сареътаре бардошта ва дар найл ба аҳдоф ва ормонҳои инқилоби исломӣ ва расидан ба қулли рафеи иззат ва шарофат, дунёро моту мабҳути азамату иродаи росих ва пулодини фарзандони ғайюри худ кунад.