Апрел 13, 2018 21:18 Asia/Dushanbe
  • Иди мабъаси Паёмбари гиромии Ислом (с) таҳният бод

Шанбе 27 моҳи раҷаби соли 1439 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 14 апрели 2018 мелодӣ, мабъаси Паёмбари гиромии Ислом (с) аст.

Саросари Эрони исломӣ дар шаби Иди мабъаси Паёмбари гиромии Ислом, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ҷашну сурур аст.

Мардуми Эрони исломӣ дар 27 раҷаб бо баргузории маросим ва маҷолиси шодӣ ва пахши нуқлу ширинӣ, мабъаси Паёмбари гиромии Ислом (с)-ро ҷашн мегиранд.

Дар шаби мабъаси Паёмбари гиромии Ислом (с) боргоҳи малакутии ҳазрати Алӣ ибни Мӯсо ар-Ризо, дар Машҳади муқаддас, шимолу шарқи Эрон, ғарқ дар шодӣ ва нур аст.

Ҳамзамон бо фаро расидани биъсати Паёмбари гиромии Ислом, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с), шаҳри муқаддаси Қум, ҷануби Теҳрон, ҳам ғарқ дар ҷашну ва шодӣ аст.

Иди мабъас рӯзе аст, ки Паёмбари гиромии Ислом (с) аз сӯи Худованди Мутаол ба рисолат мабъус шуданд.

Биъсати Паёмбари гиромӣ (с) сароғози роҳе шуд то инсон аз ширк, беадолатӣ, табъиз, ҷаҳл ва фасод берун ояд ва ба сӯи тавҳид, маънавият, адолат ва каромат ҳаракат кунад.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон, фаро расидани солрӯзи биъсати Паёмбари гиромии Ислом Муҳаммади Мустафо (с) ва бузургтарин иди мусулмононро ба ҳамаи пайравони Ислом ва дигар озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.