Апрел 18, 2018 16:19 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоби исломӣ: Дар миёнаи як ҷанги бузург ҳастем

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ гуфтанд: “Мо дар миёнаи як майдони бузурги ҷанг қарор дорем, ки як тарафи он, низоми ҷумҳурии исломӣ ва тарафи дигари он, ҷибҳаи васеъ ва қудратманде аз душманон аст”.  

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори вазир ва масъулон ва ҷамъе аз коркунони Вазорати иттилооти Эрон, сервисҳои ҷосусии тарафи муқобилро меҳвари аслии ин ҷанги бузург донистанд ва гуфтанд: Дастгоҳҳои иттилоотии ҷибҳаи муқобил ба рағми ҳама имконоти худ то ба ҳол натавонистаанд ҳеҷ кори муҳиме анҷом диҳанд.  

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар айни ҳол ҳушдор доданд: “Агар дар ин ҷанг дучори ғафлат шавем, мағлуб хоҳем шуд ва агар дучори соддаандешӣ шавем, зарба хоҳем хурд”.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба масоили ахир дар бозори арзи Эрон ва афзоиши ногаҳонии нархи доллар, афзуданд: Ҳангоме, ки дар ин масоил диққати бештаре мешавад, радди пои бегона ва дастгоҳҳои иттилоотии онҳо машҳуд аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: “Бояд дар ин ҷанг ва дар баробари барномаҳои ҷибҳаи муқобил истод ва барои ғалаба бар душман, илова бар дифоъ бояд барномаи таҳоҷум низ дошт, ба гунае, ки замини бозӣ ба василаи дастгоҳи иттилоотии мо таъин шавад”.