Апрел 26, 2018 16:41 Asia/Dushanbe

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ гуфтанд, Ҷумҳурии Исломии Эрон чиҳил сол аст, ки бо амал ба Қуръон, муқобили зӯргуиҳои истикбор истода ва пешрафт кардааст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ субҳи имрӯз (панҷшанбе) дар дидори ширкаткунандагон дар 35-умин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони карим, танҳо роҳи пешрафт ва саодати уммати исломиро амал ба Қуръон донистанд ва гуфтанд, кишварҳои исломӣ дар асари тавассул наҷустан ба Қуръон, дучори «бемории зиллат» шудаанд ва ин ки раисиҷумҳури Амрико бо камоли вақоҳат (бешарми) мегӯяд, «агар мо набошем, бархе кишварҳои арабӣ як ҳафта ҳам давом намеоваранд», натиҷаи ҳамин беморӣ аст.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, хотирнишон карданд: «Қуръон ба мо мегӯяд, муъминин бояд бо якдигар «ваҳдат» ва «пайванди вилоятӣ» дошта бошанд ва бо ҷабҳаи куффор ҳеҷ гуна пайванд ва иртиботе барқарор накунанд, аммо мутаассифона имрӯз шоҳидем, ки бархе кишварҳои исломӣ бо режими саҳюнистӣ дар иртиботанд ва натиҷаи ин амал накардан ба дастури Қуръон, ҷанг ва ҷиноятҳои кунунӣ дар минтақа аст.

Эшон афзуданд: «шароити мардуми Яманро бубинед, ки гирифтори чӣ мусибате шудаанд ва арӯс (маросими туй)-и онҳо табдил ба азо мешавад ва ё вазъияти мардуми Афғонистон, Покистон ва Сурия, ҳамаи ин масоил ба хотири ин аст, ки вилоят миёни муъминин фаромӯш шудааст ва ба таъкидоти Қуръон амал намешавад.»

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ таъкид карданд, агар тиловат ва ҳифзи Қуръон, муқаддимаи амал ба он бошад, қатъан фардои дунёи Ислом аз имрӯзи он беҳтар хоҳад буд ва дигар Амрико нахоҳад тавонист барои кишварҳо ва уммати исломӣ, хатту нишон бикашад ва онҳоро таҳдид кунад.