Афзоиши қимати нефти сабуки Эрон
(last modified Sat, 28 Apr 2018 12:50:27 GMT )
Апрел 28, 2018 17:50 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қимати нефти сабуки Эрон

Қимати нефти хоми сабуки Эрон дар чаҳорумин моҳи соли 2018 ба марзи 70 доллар барои ҳар бушка расид, ки болотарин қимат аз ибтидои соли ҷории милодӣ маҳсуб мешавад.

Миёнгини қимати нефти хоми сабуки Эрон дар ҳафтаи поёнии 20 апрел (ҷумъа, 31 фарвардин) бо як доллару 68 сент афзоиш ба 69 доллару 79 сент барои ҳар бушка расид.

Пеш аз ин, миёнгини қимати нефти сабуки Эрон аз ибтидои имсол токунун 65 доллару 39 сент барои ҳар бушка будааст.

Миёнгини қимати нефти хоми сангини Эрон ҳам дар давраи мавриди баррасӣ, як доллару 89 сент барои ҳар бушка афзоиш ёфт ва ба 67 доллару 56 сент расид.

Миёнгини қимати нефти сангини Эрон аз ибтидои имсол токунун 63 доллару 88 сент барои ҳар бушка будааст.

Миёнгини қимати сабади нефтии Созмони кишварҳои содиркунандаи нефт (ОПЕК) низ дар ҳафтаи поёнӣ ба 20 апрел, ба 69 доллару 50 сент расид, ки нисбат ба ҳафтаи қабл аз он, бо як доллару 83 сент афзоиш ҳамроҳ буд.

Таҳаввулоти Ховари Миёна, ношӣ аз таниш‎ҳо ба думболи ҳамалоти ҳавоии Амрико, Англия ва Фаронса ба Сурия, сабаби афзоиши қимати нефти хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ шудааст.