Сентябр 01, 2016 20:39 Asia/Dushanbe

Фардо, дувуми сентябри соли 2016, дувоздаҳуми шаҳривари соли 1395-и хуршедӣ ва сиюми зилқаъдаи соли 1437-и қамарӣ мусодиф бо солрӯзи шаҳодати мазлумонаи ҳазрати Имом Ҷавод (а), пешвои бузурги мусалмонон ва аз наберагони поки Расули гиромии Ислом (с) аст.

Ҳазрати Имом Муҳаммад Тақӣ (а), маъруф ба Имом Ҷавод (а) ягона фарзанди Имом Ризо (а) аст, ки дар соли 203-и қамарӣ, пас аз шаҳодати мазлумонаи падараш имомати уммати Исломро бар уҳда гирифта, дар муддати 16 соли имоматии худ ҳамвора бо истиқболи густурдаи гурӯҳҳои мухталифи мардум рӯ ба рӯ буд, ба наҳве ки барои хилофати Аббосӣ таҳдиди ҷиддӣ маҳсуб мешуд. Саранҷом Муътасим, халифаи вақти Аббосӣ бо тарҳи тавтеае Имом Ҷавод (а)-ро, ки он замон 25 сол бештар надошт, бо заҳр додан ба шаҳодат расонд. Ба муносибати шаҳодати ин набераи гиромии Расули Худо (с) саросари Эрони исломӣ имшаб ва фардо сиёҳпӯшу сӯгвор аст. Ҳарами нуронии ҳазрати Ризо (а), падари бузургвори Имом Ҷавод (а) дар шаҳри Машҳад ҳам ин айём мизбон миллионҳо зоире аст, ки ба расми адабу иродат омадаанд, то шаҳодати фарзанди он ҳазратро ба остони эшон таслият гӯянд.

Радиои "Садои Хуросон"-и Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон шаҳодати мазлумонаи пешвои саховат Имом Ҷавод (а)-ро ба ҳама дӯстдорони хонадони Муҳаммад (с) таслият мегӯяд.