Май 15, 2018 11:08 Asia/Dushanbe
  • Тамаддуни разавӣ алайҳи илҳоди навин зулми золимонро хотима хоҳад дод+akc

Мутаваллии Остони Қудси Разавӣ гуфт, бунёнгузори гуфтумони байни адён Имом Ризо (а) аст ва тамаддуне, ки бар ин мабно устувор аст, илҳоди навин дар оламро нобуд хоҳад кард.

Ҳуҷҷатулислом Иброҳими Раисӣ дар ихтитомияи шашумини конфронси байналмилалии “Уфуқи нав - Қудс пойтахти ҳамешагии Фаластин” дар ташреҳи шахсияти тамаддунсози Имом Ризо (а) афзуд, он чӣ ҳазрати Ризо (а) дар гуфтугӯи адёни тавҳидӣ муҳаққақ сохт, ҷабҳаи муттаҳидӣ аз яктопарастон ва адолатхоҳон буд. Ӯ таъкид кард: “Бо илҳом аз тамаддуни разавӣ бояд инсиҷоме дар байни тамоми пайравони адёни тавҳидӣ эҷод кунем ва алайҳи ҷараёни сармоядорӣ, ки ба дунболи поймол кардани ҳуқуқи инсонҳост, биистем”.

Мутаваллии устони Қудси Разавӣ бо ишора ба ин ки имрӯз ҷанги иродаҳост, гуфт, дар дунёи кунунӣ танҳо иродаи миллатҳост, ки сарнавишти ниҳоеро рақам хоҳад зад ва сардамдорони ғарбӣ бидонанд, иродаи фаластиниён, ки мубтанӣ бар адолатхоҳӣ ва имон ба Худост, бар фарҳангу сиёсати зиёдахоҳӣ ва беқардии онон чира хоҳад шуд. Ҳуҷҷатулислом Раисӣ бо баёни ин ки Қудси шариф ормони адолатхоҳони саросари олам аст, тасреҳ кард, эътилофи адёни иброҳимӣ алайҳи мустакбирон иттиҳоди ҷараёни озодихоҳӣ ва раҳоӣ аз бардагии золимон аст. Ӯ бо таъкид бар ин воқеият, ки ҳисоби яҳудиён, масеҳиён ва мусалмонон аз ҳисоби саҳюнистҳо, сардамдорони амрикоӣ ва Оли Сауд ҷудост, гуфт, наҳзати ҳимоят аз Фаластин маътуф ба дини хосе нест ва ҳама пайравони се дини бузург муҳимтарин вазифаи худро озодии Қудси шариф ва фаластиниҳои таҳти зулм медонанд. Мутаваллии Остони Қудси Разавӣ муборизаро танҳо роҳи таъйини сарнавишт дар Фаластин дониста, бо беҳуда хондани музокирот дар ин масир афзуд, пешниҳоди Трамп барои интиқоли сафорати ин кишвар ба Байтулмуқаддас маҳкум ба шикаст аст ва Масҷидулақсо, ки мавриди такрими пайравони адёни тавҳидӣ аст, бо таваккул ба Худо ва эътимод ба нафси муслимин аз чанголи ғосибон раҳо хоҳад шуд. Ҳуҷҷатулислом Раисӣ дар хотима гуфт: “Сиёсати Ғарб ҳокимияти сиёсат бар миллатҳо бидуни ахлоқ ва маънавиёт аст ва дар идомаи ҷараёни бедории исломӣ дар ҷаҳон ормони озодии Фаластинро таҳаққуқпазир ва бисёр наздик медонем”.

Дар поёни маросим аз 60 меҳмони барҷастаи хориҷии ин конфронси серӯза, ки аз кишварҳои Амрико, Англия, Фаронса, Олмон, Русия, Италия ва Дания... ширкат доштанд, бо эҳдои ҳадяҳо тақдиру такрим шуд.