Май 17, 2018 11:44 Asia/Dushanbe
  • Табрики Рӯҳонӣ ба сарони кишварҳои исломӣ ба муносибати оғози моҳи Рамазон

Раисҷумҳури исломии Эрон дар паёмҳои ҷудогонае ба сарони кишварҳои исломӣ, фаро расидани моҳи мубораки Рамазонро табрик гуфт.  

Ҳасани Рӯҳонӣ дар ин паёмҳо ҳамчунин таъкид кард, ки имрӯз нақши сарони кишварҳои исломӣ дар посдорӣ аз ҳуввияти исломи эътидолӣ ва ҳамнуои дар мубориза бо хушунат ва ифротгарӣ аз ҳар замони дигаре пуррангтар аст.

Раисҷумҳури Эрон дар паёми табрики худ ба сарони кишварҳои исломӣ ба муносибати фаро расидани моҳи мубораки Рамазон ибрози умедворӣ кард, бо оғози ин моҳ, ҷони тозае дар колбуди тамомии инсонҳои некандеш дамида шавад ва битавон бо ташаббус ба ҳақиқат ва моҳияти рӯҳпарвари моҳи нуронӣ, пайванди амиқе бо холиқи якто барқарор кард.