Тавсияҳои раҳбари инқилоби исломӣ ба шоирони форсисаро
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i34952-Тавсияҳои_раҳбари_инқилоби_исломӣ_ба_шоирони_форсисаро
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, шеъри форсиро дар тӯли таърих шеъре афиф ва маҳҷуб донистанд ва аз шорони форсисаро хостанд, ки ин иффат ва покиро ҳамчунон дар шеъри форсӣ пойдор нигоҳ доранд.  
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 31, 2018 13:18 Asia/Dushanbe
  • Тавсияҳои раҳбари инқилоби исломӣ ба шоирони форсисаро

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, шеъри форсиро дар тӯли таърих шеъре афиф ва маҳҷуб донистанд ва аз шорони форсисаро хостанд, ки ин иффат ва покиро ҳамчунон дар шеъри форсӣ пойдор нигоҳ доранд.  

Шомгоҳи чаҳоршанбе дар шаби вилодати босаодати ҳазрати имом Ҳасани Муҷтабо (алайҳиссалом) ҷамъе аз шоирон ва устодони забон ва адаби порсӣ бо ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дидор карданд.  

Дар ин дидор Оятуллоҳ Хоманаӣ гуфтумонсозӣ ва ҷарёнсозӣ дар бораи масоиле ҳамчун адолат, муқовимат ва тарвиҷи фазоили ахлоқиро аз дигар рисолатҳои шоирон баршумурданд ва афзуданд: Шеъри форсӣ ҳамвора лабрез аз ҳикмат ва ахлоқ буда ва дар тавлид ва умқ бахшидан ба андеша ва умед, нақшофарин будааст.