Июн 05, 2018 16:12 Asia/Dushanbe
  • Қиёми понздаҳуми хурдод нуқтаи тиллоии шаклгирии инқилоби исломӣ

Имрӯз понздаҳуми хурдод (панҷуми июн) мусодиф бо солрӯзи қиёми таърихии имом Хумайнӣ (р) дар 1342 шамсӣ аст.

Панҷоҳу панҷ сол пеш, иқдомоти режими шоҳ ва Амрико барои нобудии ислом ва ғорати Эрон, имом Хумайнӣ (р)-ро бар он дошт, то бо баёния‎ ва эроди суханрони‎ҳои муҳим, нақшаҳҳои шуми ононро ифшо кунад.

Ин хезиши таърихӣ, шуруи рӯёрӯии неҳзати исломӣ дар баробари ҳукумати истибдодии режими паҳлавӣ буд ва шароити муносиберо барои шакл‎гирии мабонии фикрӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии инқилоби исломӣ фароҳам овард.  

Бо вуҷуди фишори нерӯҳои амниятии режими паҳлавӣ ва мумониат аз суханронии рӯҳониюн дар моҳи муҳаррам дар бораи ҷиноят‎ҳои режими Исроил ва хатароте, ки исломро таҳдид ме‎кард, имом Хумайнӣ (р), ки нишон дода буданд, дар мубориза бо истибдод маҳкам ва устувор ҳастанд, дар 13 хурдоди 1342 суханони кубандаеиро зидди режими паҳлавӣ баён карданд.