Равобити Русия ва Эрон. Аз ҳамкории иқтисодӣ то равобите дар сатҳи роҳбурдӣ
Равобити Эрону Русия дорои зарфиятҳои мутанаввеъ аст ва мақомҳои ду кишвар таъкид доранд, равобити мавҷуд метавонад пешрафтҳои бештаре дошта бошад.
Ин мавзӯъ дар дидори рӯзи шанбеи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва раисҷумҳури Русия дар ҳошияи ҳаждаҳумин иҷлоси Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар Чин мавриди таъкид қарор гирифт. Владимир Путир дар ин дидор бо таъкид бар ин ки Маскав ба ҳамкорӣ бо Теҳрон дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, энержӣ ва дифоӣ идома хоҳад дод, гуфт, хурӯҷи Амрико аз БарҶОМ иқдоми якҷониба ва ғайриқонунӣ аст ва Маскав ба гуфтугӯ бо соири тарафҳо барои ҳимоят аз БарҶОМ идома медиҳад. Раисҷумҳури Русия ҳамчунин бо таъкид ба ҳамфикрию ҳамкории Русия бо Эрон барои таҳкими субот дар минтақа афзуд, ин ҳамкории минтақаӣ аз ҷумла дар буҳрони Сурия идома хоҳад ёфт. Ин изҳорот баёнгари навъе аз пайвастагӣ ва дарҳамтанидагии сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ҳамкориҳои роҳбурдӣ миёни Эрон ва Русия аст. Путин дар дидори як сол пеши худ бо Рӯҳонӣ дар Сочи низ Эронро ҳамсояи хуб, шарики босубот ва мутмаин барои кишвараш тавсиф кард ва гуфта буд, ки ду кишвар дар тавсеаи муносибот ва ҳамкориҳои дуҷониба манофеи муштараки бисёре доранд.
Русия дар мавзӯи дониши сулҳомези ҳастаӣ бо Эрон ҳамкорӣ дорад ва дар имзои тавофуқи ҳастаӣ низ нақши барҷастае ифо кард ва анкун бо вуҷуди аҳдшикании Трапм дар канори Чин ва Иттиҳоди Аврупо БарҶОМ-ро тавофуқи қобили иҷро медонад ва ба он пойбанд аст. Илова бар ин яке аз шохисҳои муҳим дар муносиботи Эрон ва Русия доштани мавозеи муштарак дар мавзӯоти минтақаӣ ва байналмилалӣ аст, ки мутобиқ ба аҳдофи стратегӣ дар ҷиҳати ҳифзи суботу амнияти ҷамъӣ аст. Доктор Абдурасул Девсолор, коршиноси масоили Русия муътақид аст, ташдиди рақобатҳои минтақаӣ ва сиёсатҳои чолишофарини Амрико ва бархе қудратҳои аврупоӣ аҳмияти бештаре ба ин ҷанба аз равобит додааст.
Эрону Русия нишон додаанд, ки дар мавзӯи амният ва ҳалли буҳронҳои минтақаӣ қасди ақибнишинӣ дар муқобили гегемонияи Амрикоро надоранд. Муносиботи иқтисодии ду кишвар низ илова бар ҳамкориҳои дуҷониба ба Иттиҳоди Авруосиё дар бахши ҳамлу нақл бо роҳандозии роҳи транзитии мавсум ба коридори Шимол - Ҷануб вориди сатҳи роҳбурдӣ шудааст. Нақши ду кишвар дар таъмини энержӣ ва интиқоли газ ба Аврупо низ далели дигари муҳиме аст, ки бо шаклгирии маҷмаи кишварҳои содиркунандаи газ бо ибтикори Эрон ва Русия нақши ду кишварро ба унвони ҳалқаи аслии таъмини энержӣ барҷаста кардааст. Аммо ҷанбаи муҳими дигари равобити Эрону Русия ҳамкорӣ дар ҳавзаи баҳри Хазар аст, ки пули иртиботии Эрон бо кишварҳои соҳили Хазар ва пайванди таърихӣ ва сарзаминӣ бо Осиёи Марказӣ аст. Доктор Муҳаммад Шӯрӣ, мудири гурӯҳи мутолиоти Авруосиё ва пажуҳишгари аршади масоили Русия мегӯяд, бо зерсохтҳое, ки дар равобити Эрону Русия эҷод шуда, агар бархе зарфиятсозиҳо дар дохил эҷод шавад, дар оянда метавон шоҳиди равобити босубот ва ҷиддитар байни ин ду кишвар буд.
Маҷмӯаи ин масоил нишон медиҳад, ки равобити Эрону Русия дар ҳавзаи масоили стратегӣ бо вуҷуди бархе тафовутҳо дар дидгоҳҳо таъсиргузор будани худро ошкор кардааст. Ҳамгироии амниятӣ муҳаррики пешрони равобити Эрону Русия аст ва ба назар мерасад, дар солҳои оянда низ ҳамчунон бистари аслии шаклдиҳандаи равобити ду кишвар боқӣ бимонад.