Июн 21, 2018 18:56 Asia/Dushanbe
  • Паёми рӯҳиябахши раҳбари Инқилоби Исломӣ ба тими миллии футболи Эрон

Ба гузориши ИРНА, дар тамоси дафтари Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо урдуи тими миллии Эрон дар Русия ва мудири корвони эъзомии Федератсияи футболи Эрон, паёми Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ба тими миллии футбол, иблоғ шуд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин паём бозии тими миллии футболи Эрон дар баробари Испанияро, олӣ хонданд ва ба бозикунон ва ба кодри фаннӣ "Худо қувват" гуфтанд.

Тими миллии футболи Эрон чаҳоршанбе шаб дар дувумин дидори худ дар Ҷоми ҷаҳонии 2018-и Русия, дар шаҳри Қазон баробари Испания, қаҳрамони соли 2010-и ҷаҳон ва фотеҳи “Евро 2008 ва 2012” қарор гирифт ва бо вуҷуди намоиш дилпазире, ки ироа кард, бо натиҷаи як бар сифр бохт.

Миллипӯшони Эрон 14 июн дар нахустин дидори худ дар Ҷоми ҷаҳонии 2018-и Русия, тими Мағрибро бо натиҷаи як бар сифр шикаст доданд.

Тими миллии футболи Эрон рӯзи душанбе 25 июн охирин бозии худро дар марҳалаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии 2018-и Русия, баробари Португалия баргузор хоҳад кард ва дар сурати пирӯзӣ метавонад аз "гурӯҳи марг" сууд кунад.