Июл 03, 2018 13:52 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳамоиши илмии «Тамаддуни исломӣ, нақш ва рисолати уламои Афғонистон» дар Машҳад

Ҳамоиши «Тамаддуни навини исломӣ, нақш ва рисолати уламои Афғонистон» имрӯз ва фардо дар Машҳад баргузор мешавад.

Ба гузориши “Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон”, ҳамоиши «Тамаддуни навини исломӣ, нақш ва рисолати уламои Афғонистон», ки акнун аз сӯйи “Ҷомеатулмустафо алъомия” дар Машҳад дар ҳоли баргузорӣ аст, фардо низ идома меёбад.

Ҳуҷҷатулислом Мустафо Маҳомӣ, дабири ҳамоиш ва мудири “Ҷомеатуламустафо алъолмия”-и Афғонистон гуфт, “Ҷомеатулмустафо” ба унвони ниҳоди динӣ, илмӣ ва байналмилалӣ дар ростои тақвияти омӯзаҳои дини мубини Ислом ва поярезии тамаддуни навини исломӣ барои нақшофаринии ҷаҳонӣ ин ҳамоишро баргузор мекунад. Маҳомӣ афзуд, дар ин ҳамоиш мафҳумшиносӣ ва мабоҳиси куллӣ, муаллафаҳои созанда, абъоди нармафзорӣ ва сахтафзорӣ, нақши уламои Афғонистон, чолишҳои муосир бо меҳварияти тамаддуни исломӣ баррасӣ мешавад. Ӯ бо баёни ин ки ҳама меҳварҳо дорои зермаҷмӯаҳои густурдае ҳастанд, ки ба нақши уламои Афғонистон дар тамаддуни исломӣ ишора дорад, аносири созанда ва ташкилдиҳандаи тамаддуни исломӣ, баррасии идеяи ҷаҳонватанӣ дар тамаддуни исломӣ, рисолати уламои Афғонистон дар эҳёи тамаддуни исломӣ ва нақши рӯҳоният дар посухдиҳӣ ба шубаҳоти инсони муосирро аз ҷумлаи мавзӯоти ин ҳамоиш унвон кард.