Июл 07, 2018 18:15 Asia/Dushanbe
  • Баҳроми Қосимӣ: Фаъолияти мушакии Эрон алайҳи ҳеҷ кишваре нест

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон дар вокуниш ба иддаои зиддэронии вазири хориҷаи Фаронса таъкид кард: Фаъолиятҳои мушакии Эрон бахше аз сиёсати боздорандагӣ ва барои таъмини манофеи миллӣ ва дифоъ аз киён ва қаламрави кишвар аст.

Жан-Ив Ле Дриан, вазири хориҷаи Фаронса дар гуфтугӯ бо радиои rtl-и ин кишвар, бо тарҳи бархе иддаоҳо алайҳи Теҳрон, гуфт: Таслиҳоти мушакии Эрон фақат барои дифоъ аз худ нест.

Баҳроми Қосимӣ гуфт: Теҳрон бо таваҷҷуҳ ба таҷрубиёти худ дар даҳаҳои ахир аз ҷумла ҷанги ҳаштсолаи режими баъси Ироқ алайҳи Эрон омӯхтааст, ки барои мамониат аз шаклгирии бархе ниёти шуми душманон, тавони дифоии худро тақвият кунад.

Қосимӣ тасреҳ кард: Ҷумҳурии исломии Эрон яке аз усулитарин сиёсатҳои худро мубориза бо терроризм қарор дода ва натоиҷи ин сиёсат токунун осори мусбат доштааст.

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон субот, амният ва тавсеаи иқтисодии минтақаро ба нафъи Эрон донист ва таъкид кард: Эрон манофеъ ва масолеҳи худро дар эҷоди амният, сулҳ ва субот дар минтақа медонад ва барои таҳаққуқи ин мавзуъ дар паи ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа аст.