Июл 08, 2018 20:00 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати имом Ҷаъфари Содиқ (а) таслият бод

Ҳазрати имом Ҷаъфари Содиқ (а), набераи расули Худо (с) дар рӯзи бисту панҷуми шаволи соли 148 ҳиҷрии қамарӣ ба дастури Мансур Давониқӣ, ҳокими ситамкори Аббосӣ ба шаҳодат расид.

Имом Ҷаъфари Содиқ (а) ба ривояте дар соли 83 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина чашм ба ҷаҳон гушуд ва дар домони падар гиромияш имом Муҳаммади Боқир (а) ва модари бо имон ва фарзона, парвариш ёфт.  

Он ҳазрат дар 31 солагӣ, пас аз шаҳодати имом Муҳаммади Боқир (а), уҳдадори масъулияти имомат ва ҳидояти муслимин шуд.

Даврони зиндагонии он ҳазрат мусодиф бо айёми ҳукумати панҷ тан аз ҳокимони Умавӣ ва ду тан аз ҳокимони Аббосӣ буд ва дар ин замон даргирии шадид байни Умавиён ва Аббосиён бар сари ҳокимият, аз фишори онҳо бар аҳли байти паёмбар (с) коста буд.

Имом Ҷаъфари Содиқ (а) ба ҳамроҳи падараш имом Муҳаммади Боқир (а) бузургтарин маркази илмии он рӯзи ҷаҳони исломро дар шаҳри Мадина поягузорӣ кард.

Иддаи бешуморе аз донишпажуҳон аз нуқоти дуру наздик аз маҳзари дарс ва илми эшон баҳра бурданд.

Саранҷом ба дастури Мансур Давониқӣ он ҳазратро дар 65 солагӣ масмум карданд ва ба шаҳодат расонданд.