Июл 30, 2018 15:00 Asia/Dushanbe
  • Забони форсӣ -пули маънавият, сулҳ ва дӯстӣ дар ҷаҳон

Раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон забони форсиро пули маънавият, ишқ, сулҳ ва дӯстӣ дар ҷаҳон хонд.

Ба гузориши ИРНА, Абузари Иброҳимии Туркмон шомгоҳи якшанбе, дар панҷумин нишасти “Қанди порсӣ” ва Ҳаштоду панҷумин давраи донишафзоии забон ва адабиёти форсӣ дар Теҳрон, ҳузури форсизабонон аз дигар кишварҳои ҷаҳон дар Эронро баёнгари иштиёқ дар дигар кишварҳо барои фарогирии густурдаи он донист.

Туркмон ба реша, умқ, асолат ва собиқаи забони форсӣ ишора кард ва изҳор дошт, талоши бузургон, андешамандон, шоирон ва адибони эронӣ ин буд, ки бо мафҳуме ширин ва қолаби лаззатбахш, мафоҳим ва ҳарфҳоро ба мухотабон мунтақил кунанд.

Раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон афзуд, ҳар кӯшише барои омӯхтани забони форсӣ ба маънии омӯхтани ахлоқ, дӯстӣ, сулҳ, ҳамдилӣ, ҳамгароӣ, вафои аҳд, ҳамсадоӣ, ҳамроҳӣ ва ҳамкории афрод ва милали мухталиф аст.

Панҷумин нишасти “Қанди порсӣ” ва Ҳаштоду панҷумин давраи донишафзоии забон ва адабиёти форсӣ бо ҳузури беш аз 40 фарогир аз 13 кишвари ҷаҳон дар Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон баргузор шуд.

200 донишгоҳ дар кишварҳо ва қораҳои мухталифи ҷаҳон дар ҳоли омӯзиши забони форсӣ ба донишҷӯён ҳастанд.