Август 09, 2018 12:58 Asia/Dushanbe
  • Дидгоҳи раҳбарӣ; равшан будани ояндаи инқилоби исломӣ

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ахиран дар дидори ҷамъе аз фаъолони фарҳангии хориҷ аз кишвар, дар посух ба нигаронии матраҳшуда дар бораи ояндаи инқилоби исломӣ фармуданд: “Ҳеҷ ғалате наметавонанд бикунанд, инро ба ҳама бигӯед”.

Чанде пеш ҷамъе аз фаъолони фарҳангии хориҷ аз кишвар бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор доштанд, ки яке аз ҳозирин дағдаға ва нигаронии алоқамандон ба инқилоби исломиро дар он сӯйи марзҳо баён кард.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар посух ба нигаронии ин шахс аз иқдомоти душманон гуфтанд: “Нисбат ба авзои мо аслан нигарон набошанд, ҳеҷ кас ҳеҷ ғалате наметавонад бикунад, мутмаин бошанд, ҳеҷ тардиде дар ин ҷиҳат вуҷуд надорад. Инро ба ҳама бигӯед”.

Ин мавзеъгирии қотеъ ва қудратманди Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар рӯзҳое, ки давлати кунунии Амрико марҳилаи нахусти таҳримҳо зидди Эронро амалӣ кардааст, маънӣ ва паёми қотее барои давлатмардони амрикоӣ ва вобастагони минтақаии онон дорад.

Ҳамзамон бо шурӯи марҳилаи нахусти таҳримҳои иқтисодии Амрико зидди Эрон, раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи сешанбе дар Твиттер навишт: “Ин таҳримҳо шадидтарин таҳримҳое аст, ки то кунун ҷорӣ шуданд”.

Сиёсати давлати Трамп пас аз хуруҷ аз БарҶом, ба унвони тавофуқномаи байналмилалӣ, афзоиши фишорҳо бар Эрон барои тағйири рафтори минтақаии Эрон ва дар ниҳоят афзоиши норизоятии дохилӣ аст то шояд хоби чиҳилсолаи онон таъбир шавад.

Ҳимояти давлати Трамп аз гурӯҳаки террористии “Мунофиқин” барои расидан ба ҳадафи худ ва пуштибонӣ аз иғтишош дар Эрон, умқи кинаи амрикоиҳоро аз инқилоби исломӣ нишон медиҳад.

Ҳадафи Трамп бо ҳимояти режими саҳюнистӣ ва бархе аъроби сарсупурда, аз ҷумла режими Саудӣ, таваққуфи барномаи мушакӣ, поёни ҳузур ва нуфузи минтақаии Эрон ва дар ниҳоят бо афзоиши фишорҳо ба сифр расонидани фурӯши нафти Эрон аст.

Ин сиёсати душманона нишон аз душмании таърихӣ бо кишваре дорад, ки гузашта, ҳол ва ояндаи худро дар вобастагӣ ба қудратҳои зӯргӯ таъриф накардааст.

Давлати Трамп ҳамонанди дигар давлатҳои қаблии Амрико ба дунболи он аст то инқилоб ва низоми Ҷумҳурии Исломии Эронро аз сари роҳи худ бардорад, ки таҷрибаи чиҳил сол аз ҳаёти инқилоби исломӣ, як аслро ба исбот расонида; он ҳам “истодагӣ” ва “пӯёӣ” – и ин инқилоби мардумӣ арзишӣ ва ҳувиятдор аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ 21 –уми июн дар дидори сафирон, кордорон ва масъулони вазорат хориҷа, дар равшансозии душмании амиқи Амрико бо ҷумҳурии исломӣ, таъкид карданд: “Амрикоиҳо ба дунболи бозгашт ба мавқеият ва ҷойгоҳи худ дар Эрони қабл аз инқилоб ҳастанд ва ба камтар аз ин ҳам розӣ нахоҳанд шуд”.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ин дидор ҳамчунин мухолифати Амрико бо “тавони ҳастаӣ ва қудрати ғанисозии ураниуми боло ва низ ҳузури Эрон дар минтақа” - ро бархоста аз хусумати амиқи амрикоиҳо бо унсурҳои иқтидори низоми исломӣ баршумурданд ва афзуданд: “Ҳузури минтақаӣ ҷузви унсурҳои қудрат ва амнияти Эрон аст ва ақабаи роҳбурдии кишвар маҳсуб мешавад, ба ҳамин иллат душманон бо он мухолифанд”.

Ҷумҳурии Исломии Эрон - кишваре қудратманд дар минтақаи роҳбурдии ғарби Осиё аст ва хориҷ аз иродаи Амрико, дар муодилоти минтақаӣ нақшофаринӣ мекунад.

Ҳамин мавзуъ фишорҳои Амрико зидди Эронро бо ҳамроҳии режими Исроил ва аъроби сарсупурда афзоиш додааст.

Ин фишорҳо ба сабаби ин ки робитаи маънодоре байни миллат ва низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон барқарор аст, таҳдиде барои ояндаи инқилоби исломӣ нест.

Таҷрибаи истодагии мардуми Эрон дар давраҳои сахттар аз фишорҳои иқтисодӣ ва сиёсии имрӯзи давлати Трамп, бори дигар давлатмардони амрикоиро дар рӯёрӯӣ бо асли инқилоби исломӣ сархӯрда хоҳад кард.

Дар ҳамин замина Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон ахиран дар гуфтугӯ бо нашрияи “Эрон дейли” гуфт: “Эрон дар 40 соли гузашта шароити бисёр сахттар аз мавқеияти кунунӣ доштааст. Кишвари мо як ҷанги воқеии низомиро пушти сар гузоштааст, аммо он чӣ боис шуда ба саломат аз ҳамаи инҳо убур кунем, муқовимати мардум дар баробари ин фишорҳо будааст”.