Таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон иқдоме дар ростои беқонунӣ
Таҳримҳои якҷонибаи Амрико бархилофи муқаррароти тиҷороти озоди ҷаҳонӣ аст.
Чунин иқдоме натиҷааш садама задан ба муносиботи байналмилалӣ аст ва раванди тиҷорати озоди ҷаҳониро дар гарави хостаҳои сиёсии бархе кишварҳо қарор медиҳад.
Идрис Ҷазоирӣ, гузоришгари вижаи Комиссари ҳуқуқи башари Созмони милал дар изҳороте дар ин хусус таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи ҷумҳурии исломии Эронро ғайримашруъ ва ноқизи ҳуқуқи башар донист.
Ҷазоирӣ, ки соли 2015 ба унвони гузоришгари вижаи Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал дар барраси таъсироти манфии иқдомоти якҷониба бар ҳуқуқи афрод мансуб шуд, тасреҳ мекунад, иқдомоти якҷонибаи Вашингтон зер савол бурдани усул ва сохтори Созмони милал аст.
Бинобарин ба гуфтаи Ҷазоирӣ, эъмоли муҷаддади таҳримҳо алайҳи Эрон пас аз хуруҷи якҷонибаи Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон, ки ба таври муштарак бо ҳамкории Шӯрои амният ва бо худи Амрико шакл гирифта буд, машруияти ин таҳримҳоро зери савол мебарад.
Гузоришгари вижаи созмон бо ишора ба осори зиддибашарии таҳримҳо афзуд, ман аз Созмони милал ба сурати расмӣ дархост мекунам, ки бо бардоштани гомҳои маҳкам дар ростои итминон додан ба бонкҳо, муассисоти молӣ ва ширкатҳо, ҳарчи сареътар шароити пардохт ва воридоти колоҳо ба Эрон бахусус маҳсулоти кишоварзӣ, ғизо, дору ва таҷҳизоти пизишкиро фароҳам кунад.
Янис Верас, устоди донишгоҳ дар риштаи иқтисод дар Юнон мегӯяд: Таҳримҳои ғарб алайҳи кишварҳо ва бахусус алайҳи Эрон ҳам хилофи қавонини тиҷорати озоди ҷаҳонӣ ва ҳам хилофи масоили ахлоқӣ аст.
Ҳадафи таҳримҳои ғайриқонунӣ ва зиддиинсонии Трамп аммо фақат Эрон нест.
Аҳаммияти ин мавзуъ замоне ошкортар мешавад, ки таваҷҷуҳ дошта бошем, сохтори чандҷонибагароӣ дар ҷаҳон акнун бо таҳримҳои Амрико мавриди таҳдиди ҷиддӣ қарор гирифтааст.