Ифтитоҳи се тарҳи бузурги петрошимӣ дар ҷануби Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i37834-Ифтитоҳи_се_тарҳи_бузурги_петрошимӣ_дар_ҷануби_Эрон
Се тарҳи бузурги петрошимӣ дар устони Бушеҳр дар ҷануби Эрон бо ҳузури раисҷумҳури исломии Эрон ба баҳрабардорӣ расид.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 04, 2018 16:45 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи се тарҳи бузурги петрошимӣ дар ҷануби Эрон

Се тарҳи бузурги петрошимӣ дар устони Бушеҳр дар ҷануби Эрон бо ҳузури раисҷумҳури исломии Эрон ба баҳрабардорӣ расид.

Бо ифтитоҳи ин се тарҳ шомили тарҳи метаноли петрошимии Марҷон, фазаи севуми петрошимии Пардис ва фазаи нахусти нерӯгоҳи петрошимии Дамованд дар Аславияи Бушеҳр, дар маҷмуъ се миллиону чаҳорсад ҳазор тонна ба зарфияти солонаи тавлиди маҳсулоти петрошимии Эрон афзуда шуд.  

Дар ҳол ҳозир, зарфияти тавлиди маҳсулоти петрошимӣ ва фаровардаҳои полимерии Эрон ҳудуди 62 миллиону 150 ҳазор тонна аст, ки бо роҳандозии тарҳҳои ҷадид ин зарфият аз марзи 65 миллиону 550 ҳазор тонна дар сол убур мекунад.