Сентябр 08, 2016 19:41 Asia/Dushanbe
  • Иддаои вазири дифои Амрико алайҳи Эрон; таҳрифи воқеиятҳо

Эштон Картер, вазири дифои Амрико рӯзи чаҳоршанбе дар суханоне дар Донишгоҳи Оксфорд дар Англия иддао кард, сиёсатҳои Эрон дар минтақа навъе аз таҳдид аст.

Вай гуфт, Амрико ба таври вижа дар атрофи халиҷи Форс он чиро, ки вай нуфузи эрониҳо хонд, зери назар дорад. Картер ҳамчунин таъкид кард, Вашингтон дар канори дӯстон ва муттаҳидони худ дар минтақаи Ховари миёна (Ғарби Осиё) ва моварои он, дар ҳар нуқтае аз ҷаҳон боқӣ хоҳад монд.

Ин изҳороти вазири дифои Амирико аммо дар шароити кунунии минтақа дорои чӣ аҳдофе аст? Амрико баъд аз иҷрои БАРҶОМ рӯйи ду мавзӯъ такя дорад. Мавзӯи аввал, ки аз сӯйи бархе маҳофил таҳти унвони дифои Абама аз тавофуқи ҳастаӣ матраҳ мешавад; илқои ин масъала аст, ки Амрико бо ин тавофуқ масири Эронро ба самти сохти силоҳи атомӣ сад кард. Дар ҳоле ки дар гузоришҳои зиёди ожонс, сулҳомез будани барномаи ҳастаии Эрон борҳо таъйид шудааст.

Аммо мавзӯи дувум, ки дар изҳороти вазири дифои Амрико мадди назар аст, сюжетсозӣ алайҳи Эрон аст. Ин сюжетсозӣ акнун рӯйи мавзӯи амният мутамаркиз шуда ва ҳузури ДИИШ дар минтақа ҳам баҳонаи лозимро ба Амрико додааст то иддао кунад, ки ба дунболи мубориза бо терроризм аст. Чунон ки Эштон Картер дар идомаи суханрониаш иддао кард, Вазорати дифои Амрико ба муқобилаи худ бо терроризм идома медиҳад ва талош мекунад, ки зарбае муассир ба ДИИШ ворид кунад.

Ин аҳдофи чандваҷҳа нишон медиҳад, ки Амрико бо ҳошиясозӣ зидди Эрон саъй дорад бо ҳамкории Арабистон, таҳаррукотеро барои ба истилоҳ мунзавӣ кардани Эрон дар минтақа анҷом диҳад. Албатта, маъмурияти Арабистон дар ин раванд тарвиҷи бесуботӣ ва ташдиди таниш дар минтақа аз тариқи ҳимоят аз ифротгароӣ аст.

Лоббии саҳюнистӣ дар Амрико ҳам, ки аз ибтидо тамоюле ба иҷро шудани БАРҶОМ надошт,ба шиддат ба дунболи ҷойгузинии буҳронҳои сохтагӣ дар минтақа аст.

Арабистон низ бо иқдомоти таҳрикомез алайҳи Эрон, дар садади комил кардани ин сенария ва заминасозӣ барои суръат додан ба таҳаррукоти зидди Эрон дар Конгресси Амрикост.

Бинобар ин, ҳамзамон изҳороти мақомҳои Амрико бо таҳаррукоти Арабистон, ҳамсӯ бо аҳдофи режими саҳюнистӣ дар минтақа нишон медиҳад, ки се тавтеа алайҳи Эрон акнун тамаркузи худро бар сенариясозӣ аз навъи амниятӣ зидди Эрон қарор додааст. Арабистон дар чанд соли ахир ба ин ҷамъбандӣ расидааст, ки бо ҳимоят аз ифротгароӣ метавонад ибтикори амалро дар таҳаввулоти минтақа ба даст гирад. Амрико ҳам бо роҳандозии тими ба истилоҳ мубориза бо терроризм саъй дорад ин гуна нишон диҳад, ки дар ҳоли таомули созанда бо кишварҳое аст, ки иродаи мубориза бо терроризмро доранд.

Бар асоси гузорише, ки хабаргузории "Рейтерс" ба нусхае аз он даст ёфта, Кохи сафед пешниҳоди фурӯш силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ ва омӯзишӣ ба арзиши беш аз 115 миллиард долларро ба Арабистон ироа кардааст ва ин бузургтарин пешниҳоди ироашуда аз сӯйи Кохи сафед ба тарафи Саудӣ тайи 71 соли ҳампаймонии ду тараф аст.

Бинобар ин, возеҳ аст, ки чаро аз диди вазири дифои Амрико, Эрон барҳамзанандаи амният ва таҳдид аст. Аммо Арабистон, ки муттаҳами радифи аввал дар иқдомоти террористӣ ва ҷинояткори ҷангӣ дар Яман ва аз тарроҳони аслии воқеаи ёздаҳи сентябр аст, ба унвони раҳбари Эътилоф алайҳи терроризм дар минтақа муаррифӣ мешавад.

Изҳороти Эштон Картер дар воқеъ идомаи ҷараёни Эронҳаросӣ ва воруна нишон додани воқеиятҳо дар минтақа аст.