Сентябр 08, 2016 19:51 Asia/Dushanbe
  • Хашми уламои Саудӣ аз интиқодоти ахири Раҳбари инқилоб ба мудирияти маросими Ҳаҷ

Дар вокуниш ба суханони ахири Раҳбари муаззами инқилоб, ки аз бетадбирӣ ва сӯимудирияти мақомоти Саудӣ, дар баргузории ҳаҷ интиқод карда буданд, ҳайати олии уламои Арабистони Саудӣ сафбандии уламои ислом дар баробари Эронро хостор шуд.

Ҳайати олии уламои Арабистони Саудӣ, ки бузургтарин муассисаи динии Арабистони Саудӣ аст, аз уламои ҷаҳони Ислом хоста дар канори Арабистон биистанд ва ончиро, ки "иқдомоти бемасъулона" Эрон тавсиф кардааст, маҳкум кунанд.

Соли гузашта бар асари бетадбирӣ ва суимудирият дар маросими Ҳаҷ беш аз 7 ҳазор зоири Хонаи Худо ҷон бохтанд, ки беш аз 400 нафари онҳо эронӣ буданд.

Абдулазиз ибн Абдуллоҳ Ол Шайх, муфтии ваҳобии Арабистон сешанбеи ин ҳафта дар вокуниш ба баёноти ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ гуфта буд, ки "эрониҳо мусулмон нестанд, балкӣ маҷус (оташ параст) ҳастанд".

 Раҳбари муаззами инқилоб дар остонаи айёми ҳаҷ, дар паёме ба мусулмонони ҷаҳон ва ҳоҷиёни Хонаи Худо, бо ишора ба фоҷиаи соли гузаштаи Мино, аз давлатҳо ва миллатҳои мусулмон хостанд, то фикри асосӣ барои мудирияти Ҳарамайни Шарифайн ва масъалаи ҳаҷ кунанд.