Сентябр 08, 2016 21:31 Asia/Dushanbe
  • Тасалияти шаҳодати мазлумонаи панҷумин хуршеди ҳидоят; Имом Боқир (ъ)

Дар шаби шаҳодати панҷумин ситораи осмони имон ва ҳидоят ва набераи бузургавори Расули Худо (с), ҳазрати имом Муҳаммади Боқир (ъ) ҷаҳони Ислом ба вижа Эрони исломӣ якпорча сиёҳпӯш ва азодор аст.

 Мардуми мусулмони Эрон дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар бо ширкат дар маросими мазҳабӣ ва ҳузур дар маконҳои муқаддас, ҳамчун ҳарами имом Ризо (ъ) дар шаҳри Машҳад дар мусибати шаҳодати панҷумин пешвои мусулмонон сӯгворӣ мекунанд.

Имом Боқир (ъ) дар даврони нуронии имомати хеш, бо вуҷуди шароити номусоиде, ки бар арсаи фарҳанги исломӣ соя афканда буд, бо талоше ҷиддӣ ва густурда, неҳзати бузурги илмиро тарроҳӣ ва шогирдон ва фақеҳони соҳибноми бисёреро тарбият кард, то ҷое, ки ин ҷунбиши доманадор ба бунёнгузорӣ ва таъсиси як донишгоҳи бузург ва барҷастаи исломӣ анҷомид.

Густурдагии илм ва дониши ҳазрати имом Муҳаммади Боқир (ъ) ба ҳадде буд, ки эшонро саромади рӯзгори худ карда буд ва мардум ба он ҳазрат лақаби Боқир-ул-улум (шикофндаи дониш) дода буданд.

Он ҳазрат саранҷом пас аз умре талош дар майдони бандагии Худо ва эҳёи дин ва тарвиҷи илм ва хадамоти иҷтимоӣ ба ҷомеаи исломӣ, дар рӯзи ҳафтуми моҳ зилҳаҷҷаи соли 114 қамарӣ ба дастури Ҳишом ибни Абдулмалик-халифаи вақти Марвон, масмум шуд ва ба шаҳодат расид.

Радиои тоҷикӣ шаҳодати ин пешвои бузурги исломро ба ҳамаи мусулмонон ва озодагони ҷаҳон тасалият мегӯяд.