Ҳамлаи террористӣ дар Аҳвоз ва нобудии тими террористӣ – такмилӣ
Устондори Хузистон дар ҷануби ғарби Эрон ҷузъиёте аз ҳамлаи террористӣ ба режаи Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба муносибати ҳафтаи Дифои Муқаддас дар Аҳвозро шарҳ дод.
Ба гузориши ИРНА, Ғуломризо Шариатӣ гуфт, субҳи имрӯз (шанбе) дар ҳангоми иҷрои режаи Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар Аҳвоз, афроде бо либоси мубаддили Нерӯҳои мусаллаҳ аз пушти ҷойгоҳ ба самти масъулону мардуми ҳозир дар маҳал тирандозӣ карданд, ки дар ин иқдоми харобкоронаву зиддиамниятӣ теъдоде аз мардуми бегуноҳ, аз ҷумла теъдоде зану кӯдак шаҳид ва захмӣ шуданд.
Шариатӣ афзуд, се нафар бар асари ин ҳамлаи террористӣ ба шаҳодат расидаву беш аз 20 нафар захмӣ шудаанд.
Устондори Хузистон изҳор дошт, дар ҳоли ҳозир авзоъ таҳти контроли нерӯҳои амниятии Эрон аст ва оромиш бар минтақа ҳоким аст.
Шариатӣ ҳамчунин аз нобуд шудани тими террористии омили ин иқдоми харобкорона хабар доду гуфт, бо ҳушёрии нерӯҳои амниятии Эрон авомили ин иқдоми харобкорона дастгир, захмӣ ва ё кушта шуданд.
Устондори Хузистон изҳор дошт, тибқи гузоришҳои аввалия, авомили ин ҳамлаи террористӣ чаҳор нафар буданд, ки ду нафар аз онон куштаву ду нафар дастгир шуданд.