Сентябр 27, 2018 17:28 Asia/Dushanbe
  • Устоди бузурги адабиёти форсӣ даргузашт

Доктор Саидмуҳаммади Алавӣ Муққадам, устоди бузург ва чеҳраи мондагори адабиёти форсӣ имрӯз (27 сентябр) дар зодгоҳаш шаҳри Сабзавори Эрон даргузашт.

Зиндаёд Алавӣ Муққадам дорои мадраки доктораии риштаи забон ва адабиёти форсӣ бо гароиши балоғат ва нақди адабӣ ва арабӣ аз Донишгоҳи Теҳрон буд, ки дар беш аз 50 конгресс ва ҳамоиши илмии дохилӣ ва хориҷӣ ширкат дошт.

Вай чеҳраи мондагори риштаи адабиёти форсии Эрон ва устоди роҳнамоии беш аз 60 рисолаи докторӣ ва каршиносии аршад будааст.

Осори арзишманди бисёр дар заминаи улӯми Қуръон ва балоғат, адабиёти форсӣ ва ахлоқ аз ин устоди фарзона ба чоп расидааст.

Доктор Саидмуҳаммади Алавӣ Муққадам, узви ҳайати илмии Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад буд.

Марҳӯм Алавӣ Муққадам дар 20 рӯзи гузашта ба иллати бемории уфунати рия дар бемористон бистарӣ буд, ки имрӯз дар 86 солагӣ дорифониро видоъ гуфт.

Маросими хоксупории пайкари доктор Саидмуҳаммади Алавӣ Муққадам рӯзи шанбе дар зодгоҳаш шаҳри Сабзавор баргузор мешавад.