Сенариясозии муштараки Амрико ва Арабистон алайҳи Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i38424-Сенариясозии_муштараки_Амрико_ва_Арабистон_алайҳи_Эрон
Вазорати умури хориҷаи Амрико дар як сенарияи тоза аз тасмими ин вазоратхона барои бастани консулгарии Амрико дар ҷануби Ироқ хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 30, 2018 13:15 Asia/Dushanbe
  • Сенариясозии муштараки Амрико ва Арабистон алайҳи Эрон

Вазорати умури хориҷаи Амрико дар як сенарияи тоза аз тасмими ин вазоратхона барои бастани консулгарии Амрико дар ҷануби Ироқ хабар дод.

Амрико дар тавҷеҳи ин тасмим бо ишора ба "хатароти пеши рӯи аъзои ҳайати дипломатии Амрико дар Басра", муддаӣ аст, таҳдидҳо зидди кормандони консулгарии ин кишвар дар Басра афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон бо ин иддао, Одил ал Ҷубайр, вазири умури хориҷаи Арабистон ҳам дар нишасти Маҷмаи умуми Созмони Милал бо эъломи инки Эрон ба бесуботӣ дар Ховари Миёна доман мезанад, гуфт, Арабистон аз стратегияи ҷадиди Амрико барои муқобила бо Эрон ҳимоят мекунад.

Сабоҳи Зангна, намояндаи собиқи Эрон дар Созмони конфронси исломӣ дар шарҳи абъоди сенарияи ҷадиди Арабистон барои ба ошӯб кашидани Эрон ва Ироқ мегӯяд: "шавоҳид ва мустанадоте вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад, саудиҳо бо ташвеқи бархе аз гурӯҳҳои ношинохта ва ҳамоҳангӣ бо Вашингтон саъй доранд, то таҳаррукҳо алайҳи Эронро шиддат бибахшанд ва ин мавзӯъ то ҳадде барои онҳо аҳамият дорад, ки ба шиор додан алайҳи Теҳрон розӣ нахоҳанд шуд".

Тасмим барои таътилии консулгарии Амрико дар Басра мумкин аст ба чанд далел бошад: Аввал ин ки давлати Трамп дар ҳафтаҳои ахир маъракаи ҷадидеро оғоз карда, ки ончи фаъолияти низомии Эрон мехондро ҳадаф қарор додааст. Дуввум инки дар моҳҳои август ва сентябр чандин эътироз тавассути афроди маҳаллӣ дар Басра ба оташ задани консулгарии Эрон мунҷар шуд ва сеюм, ки эҳтимолан муҳиммтарин он аст, вазорати умури хориҷаи Амрико беш аз як сол аст, ки ин баҳсро матраҳ карда, ки барои коҳиши ҳазинаҳо, консулгарии Басраро таътил кунад.

Консулгари Амрико дар Басра бо ҳудуди 1000 нафар коркоркунонаш  узургтарин консулгарии Ироқ маҳсуб мешавад, ки дар соли 2011 эҷод шуд.

Рӯзномаи Ню-Йорк дар гузорише навишт: Дастури тахлияи консулгарӣ дар Басра дар ҳоле содир шуда, ки ба гуфтаи се мақоми пешини вазорати умури хориҷаи Амрико, баҳси таътилии ин консулгарӣ барои коҳиши ҳазинаҳо беш аз як сол аст, ки матраҳ будааст. Ин консулгарӣ дастикам 200 миллион доллар дар сол ҳазина дорад ва бархе ин ҳазинаро 350 миллион доллар баровард кардаанд.

“Wall Street Journal” ҳам таътил кардани консулгарии Амрико дар Басраро иқдоме сиёсӣ донист ва навишт: Дар авҷи ҷанги Ироқ сафорати Амрико дар Бағдод борҳо ҳадафи ҳамла қарор гирифт, аммо ҳаргиз таътил нашуд.

Аз ҳамин рӯ аст, ки Қосимӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон бо ёдоварии ҳамлаи ахир ба консулгарии Эрон, гуфт, тавҷеҳоти кӯдаконаи мақомоти амрикоӣ барои моҷароҷӯӣ ва илқои ноамнӣ дар Ироқ ва фишор ба давлат ин кишвар, ба хубӣ ошкор аст.

Бадеҳӣ аст, Амрико дар минтақа дар пайи манофеи худ аст ва аз ҳар иқдоме барои дахолат дар умури кишварҳои минтақа дариғ нахоҳад кард. Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳаргуна таарруз ба дипломатҳо ва амокини дипломатиро маҳкум мекунад ва тавҷеҳи музҳики баста шудани сарконсулгарии Амрико дар Басра, ки дар пайи рӯзҳо ва ҳафтаҳо таблиғот ва эроди иттиҳомоти беасос ба Эрон ва нерӯҳои ироқӣ анҷом шударо, иқдоме аз ҷинси ҷанҷолсозии таблиғотӣ, фарофиканона ва машкук медонад.