Октябр 14, 2018 17:47 Asia/Dushanbe
  • Фарохони раҳбари инқилоб барои иртиқои улгуи исломӣ-эронии пешрафт

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ барои такмил ва иртиқои улгуи пояи исломӣ-эронии пешрафт фарохон доданд.  

Дар паи тадвини улгуи пояи исломии эронии пешрафт, ки дар он муҳимтарин мабонӣ ва ормонҳои пешрафт ва уфуқи матлуби Эрон дар панҷ даҳаи оянда тарсим ва тадобири муассир барои дастёбӣ ба он тарроҳӣ шудааст, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дастгоҳҳо, марокизи илмӣ, нухбагон ва соҳибназарони Эронро ба баррасии амиқи абъоди мухталифи санади тадвиншуда ва ироаи назарҳои машваратӣ барои ислоҳ ё такмил ва иртиқои ин санад фаро хонданд.  

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин маркази улгуи исломии эронии пешрафтро муваззаф карданд, ки бо машварати мароҷеи марбут, назарҳо ва пешниҳодҳои такмилиро дақиқан баррасӣ ва баҳрабардорӣ ва нусхаи иртиқоъёфтаи улгуи исломии эронии пешрафтро ҳадди аксар дар ду соли оянда барои тасвиб ва иблоғ ироа кунад. Ба тавре, ки аз ибтидои қарни понздаҳи ҳиҷрии шамсӣ иҷрои ин улгу бо суръати матлуб оғоз ва умури кишвар бар мадори он қарор гирад.  

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ тасреҳ карданд: Бо ҳидоят ва тавфиқи Худованд, талоши низомманди чанд ҳазор нафар аз соҳибназарон ва устодони донишгоҳӣ ва ҳавзаӣ ва фарзонагони ҷавон барои тарроҳии улгуи исломии эронии пешрафт, пас аз ҳафт сол дар чиҳилумин соли пирӯзии инқилоби исломӣ ба натиҷа расид.  

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд: Бо таҳаққуқи ин санади муҳим, ки коре азим ва душвор, аммо мумкин ва ширин аст, кишвар роҳи пешрафтро хоҳад паймуд ва талиаи мубораки тамаддуни навини исломии эронӣ дар зист буми Эрон рух хоҳад намуд.

 

Барчасп