Ноябр 06, 2018 20:05 Asia/Dushanbe

Даври ҷадиди таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон, шомили таҳримҳои нафтӣ аз бомдоди душанбе, 5 ноябр оғоз шуд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо абзорҳои мухталифе монанди таҳрими иқтисодӣ, таҳдиди ҷомеаи ҷаҳонӣ барои қатъи ҳамкорӣ бо Эрон ва аз ҳама муҳимтар ба роҳ андохтани ҷанги равонӣ ва таблиғоти густурдае талош кард, Эронро дар инзиво ва тангно қарор диҳад, аммо ҳамроҳӣ накардани қудратҳои байналмилалӣ ва бисёре аз кишварҳои ҷаҳон бо сиёсати вай нишон дод, ки Трамп ҳеҷ гоҳ ба аҳдофи худ дар бораи Эрон даст нахоҳад ёфт. Гузориши вижаи ҳамкорамон Азизӣ ба ҳамин мавзӯъ ихтисос ёфтааст.