Сентябр 11, 2016 17:14 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрикии раиси Маҷлиси Эрон ба ҳамтоёнаш дар кишварҳои исломӣ

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон гуфт, таҳкими дӯстӣ ва бародарӣ бар пояи дини мубини Ислом байни кишварҳои исломӣ, муҳимтарин авлавият ва танҳо роҳи убур аз гузаргоҳи сарнавиштсоз ва душвори кунунӣ аст.

Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон рӯзи якшанбе дар паёме ба раисони маҷолис ва ҷамъе аз шахсиятҳои сиёсӣ ва мазҳабии ҷаҳони Ислом, бо табрики Иди Саиди Қурбон таъкид кард: "Иҷтимои бузурги мусулмонони ҷаҳон дар маносики ҳаҷ баракоти фаровонеро барои уммати исломӣ дар бар дорад, ки муҳимтарини он тақвияти рӯҳи имон ва парҳезгорӣ, бародарӣ ва ҳамдилӣ байни уммати Ислом аст".

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ афзуд: "Нигоҳе ба мушкилот ва масоили фарорӯи уммати исломӣ, ба вижа идомаи зулми бузурги ишғоли сарзаминҳои Фаластин, Қудси шариф ва фитнаи терроризми такфирӣ, ба равшанӣ зарурат ва аҳамияти тақвият ва таҳкими ваҳдат, якпорчагӣ ва дурӣ аз ҳар гуна тафриқа ва ихтилоф байни бародарони имонии мусулмонро ёдовар мешавад".

Лориҷонӣ ҳамчунин бо эъломи омодагии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон барои тақвияти пайвандҳои дӯстона, бародарона ва ҳамфикрӣ байни маҷолиси кишварҳои исломӣ, барои ҳалли мушкилоти фарорӯи ҷаҳони Ислом, муваффақияти рӯзафзуни кишварҳои исломиро хостор шуд.