Табрики Рӯҳонӣ ба сарони кишварҳои исломӣ ба муносибати Иди Қурбон
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, Иди Қурбонро ба ҳамаи кишварҳои исломӣ табрик гуфт.
Ҳасани Рӯҳонӣ-раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон асри рӯзи якшанбе, дар остонаи фарорасидани Иди Қурбон дар паёмҳои ҷудогона ба сарони кишварҳои исломӣ, ин иди бузургро ба онон ва ҳамаи миллатҳои мусулмон табрик гуфт.
Рӯҳонӣ дар ин паём ибрози умедворӣ кард, мусулмонон бо баҳрагирӣ аз баракоти маънавӣ ва иҷтимоии Иди Қурбон бавижа мавсими Ҳаҷ, бо ҳамдилӣ ва ҳамкории музоаф битавонанд чеҳраи ростини исломи Муҳаммадӣ (с)-ро, ки устувор бар раҳмат ва адолат аст, ба ҷаҳон арза кунанд.
Дар ин паём раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кардааст, мусулмонон бояд бо мустаҳкам кардани иттиҳоди худ, бунёнҳои тафриқа ва кинаҷӯиро бизудоянд.
Рӯҳонӣ дар ин паём, барои мусулмонони ҷаҳон дар таҳкими пайвандҳои бародарӣ ва муҳаббат, муваффақият орзӯ кардааст.