Ноябр 25, 2018 16:38 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Раҳбари муаззами инқилоб исломӣ бар ваҳдати дунёи Ислом

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ваҳдату якдилӣ ва якзабониро танҳо роҳи ғалабаи дунёи Ислом бар тавтиаҳо донистанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи якшанбе дар дидори масъулони низоми Ҷумҳури Исломии Эрон, меҳмонони ширкаткунанда дар сивудувумин конфронси ваҳдати исломӣ, сафирони кишварҳои исломӣ ва ҷамъе аз қишрҳои мухталифи мардум хитоб ба равшанфикрон ва уламои динӣ таъкид карданд: Ҳарчи метавонед ҳаракати бедории исломӣ ва муқовиматро дар минтақа тақвият кунед, зеро танҳо роҳи наҷоти минтақа густариши ин тафаккур ва руҳия аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ҳароси қудратҳо аз бедории миллатҳои исломӣ гуфтанд: Дар ҳар ҷое, ки ислом бар дилу ҷони мардум мусаллат шуда, истикбор силӣ хӯрдааст ва бори дигар дар ин минтақа аз бедории исломи силӣ хоҳад хӯрд.

Эшон ҳамчунин бо ишора ба бархе кишварҳои минтақа, ки ба ҷойи пайравӣ аз Ислом ва Қуръон аз Амрико пайравӣ мекунанд, хотирнишон карданд: Амрико бино бар табъи истикбории худ, ин кишварҳоро таҳқир мекунад ва ҳамон гуна, ки ҳама диданд, раиси ҷумҳурии ёвагӯи Амрико, ҳокимони Саудиро ба "гови ширдеҳ" ташбеҳ кард.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ин гуна таҳқирҳоро тавҳин ба мардуми Арабистон ва ба миллатҳои мусулмон минтақа хонданд ва афзуданд: Баъзе ҳокимони исломӣ дар ду ҳаракати ҷиноятомез дар Фаластин ва Яман, ҳамроҳи Амрико шудаанд, аммо қатъан пирӯзӣ бо мардуми Фаластин ва бо мардуми Яман хоҳад буд ва Амрико ва дунболаравҳои он дар ин қазияҳо шикаст хоҳанд хӯрд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, қудрати Амрико ва режими саҳюнистиро дар минтақа ба маротиб заифтар аз қабл донистанд ва гуфтанд: Режими саҳюнистӣ чанд сол пеш, баъд аз 33 рӯз дар муқобили Ҳизбуллоҳи Лубнон шикаст хӯрд, ду сол баъд дар муқобили фаластиниҳо, танҳо 22 рӯз давом овард, ки ин муддат дар ҷанги баъдии Ғазза табдил ба 8 рӯз шуд ва ҳафтаи пеш дар муқобили муқовимати Фаластин баъд аз 2 рӯз шикастро мутаҳаммил шуд, ки ҳамаи ин мавридҳо нишондиҳанда заъфи рӯзафзуни режими саҳюнистӣ аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин бо ишора ба муқовимати 40-солаи миллати Эрон бо вуҷуди ҳамаи сахтиҳо ва фишорҳо таъкид карданд: Амрико ва режими саҳюнистӣ ғалат мекунанд, ки миллати Эронро таҳдид кунанд.