Руҳонӣ: Эрон дасти дӯстӣ ба ҳамаи мусулмонон дароз мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i39725
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Эрон дасти бародарӣ ва дӯстӣ ба самти ҳамаи мусулмонон дароз мекунад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 25, 2018 17:12 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: Эрон дасти дӯстӣ ба ҳамаи мусулмонон дароз мекунад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Эрон дасти бародарӣ ва дӯстӣ ба самти ҳамаи мусулмонон дароз мекунад.

Ҳасани Руҳонӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи якшанбе пеш аз суханони Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори мақомоти Эрон, сафирони кишварҳои исломӣ ва ҷамъе аз қишрҳои мухталифи мардум ва меҳмонони ширкаткунанда дар сивудувумин конфронси ваҳдати исломӣ, афзуд: Душманон мехоҳанд Эрон ҳамчун солҳои қабл аз инқилоби исломӣ амал кунад ва аз мазлумони минтақа ҳимоят накунад, аммо Ҷумҳурии Исломии Эрон бо пайравӣ аз Паёмбари Ислом (с), аз такфир ва таҳрими қудратҳо ҳарос надорад.

Руҳонӣ бо баёни инки Эрон ҳамсоягонро бародарони худ ва амнияти минтақаро амнияти худ медонад, талошҳои мустакбиронро барои ноамн кардани минтақа ба василаи муздурони такфирӣ ва ҳамчунин ворид кардани фишор ба миллати бузурги Эрон аз роҳи таҳрим ноком донист ва тасреҳ кард: Нажодпарастони фиребкор дар минтақа, рӯзона мардуми Фаластинро қатли ом ва мардуми Яманро бомбаборон мекунанд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба ҳамкории ифротиёни масеҳӣ ва яҳудӣ ва мусулмон гуфт: Имрӯз иддае бо шиори такфир, ҷомеа ва минтақаро ноамн ва ба номи Ислом ва Қуръон, ҷону амният ва номусу осори тамаддуниро нобуд кардаанд.

Ҳасани Руҳонӣ таъкид кард: Хости Ҷумҳурии Исломии Эрон иттиҳод, ваҳдат, раҳмат ва ҳикмат аст ва даст ёфтан ба ин арзишҳо, танҳо зери чатри Паёмбари Ислом (с) барои ҳамагон дастёфтанӣ хоҳад буд.