Декабр 15, 2018 18:19 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Русия аз манофеи Эрон ба унвони шарики роҳбурдӣ

Намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури кишварҳои ҳошияи дарёи Хазар бо баёни ин ки Эрон яке аз шарикони таърихии Маскав дар минтақа аст, гуфт: “Русия дар арсаи байналамилалӣ ҳамвора аз манофеи Эрон ба унвони шарики роҳбурдии худ дифо мекунад.”

Ба гузориши ИРНА, Рамазон Абдулатифов, намояндаи вижаи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия бо ишора ба равобити хуби Теҳрон – Маскав гуфт, имкони густариши рӯзафзуни равобит ва ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои мухталиф бавижа иқтисодӣ, нефт ва газ вуҷуд дорад.

Ин мақоми рус бо ишора ба дидори ахираш бо вазирони улум ва беҳдошти Эрон дар Теҳрон афзуд, Эрон ҳам мисли Русия хоҳони густариши ҳамкорӣ аст.

Намояндаи вижаи Путин дар умури кишварҳои ҳошияи дарёи Хазар бо ишора ба эҷоди маҳдудаи озоди тиҷорӣ дар Русия гуфт, дар Эрон чунин маҳдудае эҷод шуда ва беш аз ҳазор ширкат дар минтақаи озоде, ки эрониҳо таъсис кардаанд, фаъол шудаанд, ҳамчунин дар Астрахани Русия, минтақаи мушобеҳе вуҷуд дорад, ки Лотос номида мешавад.

Рамазон Абдулатифов ба сарони ду маҳдудаи озоди тиҷорӣ пешниҳод кард, бо эҷоди маҳдудаи муштарак заминаро ба гунае фароҳам кунанд то марокизе, ки дар маҳдудаи озоди тиҷории Эрон сабт шудаанд, дар Лотоси Астрахан ҳам фаъолият кунанд.