Декабр 26, 2018 13:17 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ даргузашти донишҷӯёни Донишгоҳи озодро таслият гуфтанд

Дар пайи вуқӯи ҳодиса барои автобуси ҳомили донишҷӯёни Донишгоҳи озоди исломии воҳиди улум ва таҳқиқоти Теҳрон, ки ба ҷон бохтан ва ҷароҳати теъдоде аз донишҷӯён анҷомид, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме ин ҳодисаи мусибатбор ва дардоварро таслият гуфтанд.

Дар паёми ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ омадааст: “Ҳодисаи мусибатбор, ки ба даргузашти 9 нафар аз донишҷӯёни азиз ва захмӣ шудани теъдоди дигар анҷомид, бисёр дардовар ва таассуфбор аст”.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ зимни ибрози ҳамдардӣ бо мусибатдидагон ва умуми ҷомеаи донишгоҳӣ, ба ҳамаи бозмондагони ин азизон таслият гуфтанд ва шифои маҷрӯҳонро аз Худованди мутаол масъалат карданд.

Дар ҳодисаи рӯзи сешанбеи вожгунии автобуси Донишгоҳи озоди исломии воҳиди улум ва таҳқиқоти Теҳрон дар саҳни дохилии ин донишгоҳ, 9 донишҷӯ кушта ва 28 нафар низ дучори масдумият шуданд.