Декабр 26, 2018 13:36 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бар пайкари оятуллоҳ Ҳошимии Шоҳрудӣ намоз иқома карданд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ субҳи имрӯз (чаҳоршанбе) дар маросими ташйиъи пайкари оятуллоҳ Сайид Маҳмуд Ҳошимии Шоҳрудӣ, раиси фақиди Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон дар Мусаллои Имом Хумайнӣ (раҳ), дар Теҳрон ҳузур ёфтанд.

Дар ин маросим, ки бо ҳузури раисони се қувва, масъулон ва қишрҳои мухталифи мардум баргузор шуд, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бар пайкари раиси фақиди Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон намоз иқома карданд ва раҳмату мағфирати илоҳиро барои он марҳум аз Худованд масъалат карданд.

Пайкари оятуллоҳ Ҳошимии Шоҳрудӣ пас аз ташйиъ бар дастони мардуми муъмин ва қадршинос, ҷиҳати тадфин дар ҷавори оромгоҳи нуронии ҳазрати Маъсума (саломуллоҳ алайҳо) ба Қум (ҷануби Теҳрон) мунтақил хоҳад шуд.

Маҷлиси бузургдошти оятуллоҳ Ҳошимии Шоҳрудӣ аз тарафи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ имшаб (чаҳоршанбе) баъд аз намози мағриб ва ишо дар Масҷиди аъзами Қум баргузор хоҳад шуд.

Фардо (панҷшанбе) низ маросими бузургдошти раиси фақиди Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон бо ҳузури Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ҳусайнияи Имом Хумайнӣ (раҳ) –и Теҳрон баргузор хоҳад шуд.

Оятуллоҳ Сайид Маҳмуд Ҳошимии Шоҳрудӣ, раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом ва раиси пешини Қувваи қазоияи Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз таҳаммули як давраи беморӣ, асри душанбе дар синни 70 солагӣ даргузашт.