Январ 11, 2019 20:34 Asia/Dushanbe
  • Фаро расидани зодрӯзи ҳазрати Зайнаб (с) муборак бод!

Шанбе дувоздаҳуми январи 2019 баробар бо панҷуми ҷамодиюлаввали соли 1440 ҳиҷрии қамарӣ, солрӯзи вилодати ҳазрати Зайнаби Кубро (с) аст.

Ҳазрати Зайнаб (с) усва ва сармашқе барои тамоми занон ва мардони озодихоҳ ва зулмситез дар ҳамаи замонҳо аст.

Эшон дар канори бародари бузургворашон ҳазрати Имом Ҳусайн (а) бо ҷараёни мунҳарифе мубориза карданд, ки ба исми дифоъ аз ислом, фоҷиаи бузурги Карбалоро ба вуҷуд овард.

Ҳазрати Зайнаб (с) бо ифшогариҳои худ дар Куфа ва Шом зидди дастгоҳи ҳукумати фосиди Язид, аҳдоф ва фалсафаи қиёми Имом Ҳусайн (а)-ро барои ҳамеша мондагор кард.

Ҳазрати Зайнаб дар фоҷиаи Карбало ва пас аз он, ҳангоме ки аҳл байти Паёмбар (с) ва бозмондагони дигар шаҳидон ба асорат бурда шуданд, парасторӣ аз ҳазрати Зайнулобдин (а) ва дигар беморон ва мусибатзадагонро бар уҳда, дошт аз ин рӯ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи мелоди ҳазрати Зайнаб (с) “Рӯзи парстор” номгузорӣ шудааст.

Сайти parstoday.com ва Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи вилодати ҳазрати Зайнаби Кубро (с), бонуи қаҳрамони исломро ба ҳама мусулмонон ва озодихоҳони ҷаҳон ва низ ба парасторони гиромӣ табрик мегӯяд.