Роҳи поён ёфтани хушунат ва ифрот аз назари Рӯҳонӣ
(last modified 2016-07-20T11:23:51+00:00 )
Июл 20, 2016 16:23 Asia/Dushanbe
  • Роҳи поён ёфтани хушунат ва ифрот аз назари Рӯҳонӣ

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бар лузуми ҳамкории ҷаҳонӣ барои барқарории сулҳи пойдор таъкид кард.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раиси ҷумҳурии Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ имрӯз (чаҳоршанбе) дар нахустин иҷлоси ҷаҳонии "Шӯроҳо ва шаҳрдорон-2016" дар Теҳрон гуфт: "Танҳо роҳи поён додан ба хушунат, ифротгароӣ ва терроризм, боло бурдани бурдборӣ, эҳтиром гузоштан ба фарҳанги якдигар ва наздиктар шудани ҷавомеи мухталиф аз лиҳози ҳам фарҳангӣ ва ҳам сабки зиндагӣ аст". 

Рӯҳонӣ афзуд: "Иртиботи шаҳрҳои ҷаҳон бо якдигар метавонад пайвандҳои отифӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва мудириятӣ байни миллатҳо ва давлатҳоро ҳар чӣ бештар тақвият кунад".

Раиси ҷумҳурии Эрон ҳамчунин таъсиси шӯроҳои шаҳр ва русторо гоми бисёр муҳим ва бузурге дар масири мардумсолории динӣ ва исломӣ дар Эрон донист ва гуфт: "Имрӯз шӯроҳо ҳам аз назари вижагиҳои иқлимӣ ва фарҳангии Эрон ва ҳам аз назари тамаддуни ҷаҳонӣ метавонанд масири беҳтаре барои идора ва тавсеаи шаҳрҳо дар Эрон бошанд".

Рӯҳонӣ таъкид кард, тафаккури шӯроҳо дар Эрон аз эътиқодоти исломӣ, динӣ, қуръонӣ, сираи Паёмбар (с) ва маъсумин (а) ба даст омадааст.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин дар бораи Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак гуфт, баъд аз БАРҶОМ ва тавофуқи ҳастаӣ иртибот миёни Эрон ва кишварҳои дигар аз лиҳози иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмӣ осонтар ва наздиктар шудааст.