Эрон барои ғанисозии 190 ҳазор су омодааст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i41605-Эрон_барои_ғанисозии_190_ҳазор_су_омодааст
Муовини умури байналмилали Созмони энержии атомии Эрон гуфт: Бино бар фармоиши мақоми муаззами раҳбарӣ, барои афзоиши ғанисозии уран ба 190 ҳазор су, дар Эрон омодагии комил вуҷуд дорад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 10, 2019 17:02 Asia/Dushanbe
  • Эрон барои ғанисозии 190 ҳазор су омодааст

Муовини умури байналмилали Созмони энержии атомии Эрон гуфт: Бино бар фармоиши мақоми муаззами раҳбарӣ, барои афзоиши ғанисозии уран ба 190 ҳазор су, дар Эрон омодагии комил вуҷуд дорад.

Беҳрӯзи Камолвандӣ, муовини умури байналмилали Созмони энержии атомии Эрон дар ҳошияи роҳандозии сохтмони марказии парки илм ва фанноварӣ дар Қазвин (ғарби Теҳрон) афзуд: Дар сурати лузум шароит барои афзоиши сатҳи ғанисозии уран аз се ба 20 дарсад низ фароҳам аст.

Вай таъкид кард: Бо таваҷҷуҳ ба хуфи ваъдаи кишварҳои гурӯҳи 1+5 дар ифои тааҳҳудҳои худ дар БАРҶОМ, пешбиниҳои лозим барои бозтарроҳии реактори Арок сурат гирифтааст.