Феврал 17, 2019 12:55 Asia/Dushanbe
  • Лориҷонӣ: Давлати Покистон бояд посухгӯи ҳамлаи террористии Сиистон ва Балучистон бошад

Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон гуфт: Давлати Покистон ба далели ин ки гурӯҳаки террористии "Ҷайшуззулм" аз он кишвар ҳамла ба Сиистон ва Балучистон, ҷанубу шарқи Эронро тарроҳӣ ва иҷро кардааст, бояд посухгӯ бошад.

Ба гузориши ИРНА, Алии Лориҷонӣ раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар ҷаласаи рӯзи якшанбеи маҷлис афзуд: Ин гуна рафторҳо сатҳи ҳамкории Эрон ва Покистонро хадшадор мекунад ва дар ин мақтаъ Исломобод набояд ғайримасъулона амал кунад.

Чаҳоршанбешб (13 феврал) як автобуси ҳомили марзбонони Эрон дар ҷодаи Хош - Зоҳидон дар устони Сиистон ва Балучистон ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт, ки дар ин ҳамла 27 нафар аз ҳофизони марзҳои Эрон шаҳид ва 13 нафар захмӣ шуданд.

Гурӯҳаки террористии мавсум ба "Ҷайшузулм" масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтааст.

Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба нишасти зиддиэронии Варшава гуфт: Иқдоми шитобзадаи Амрико ва ре‍жими саҳюнистӣ дар баргузории нишасти Варшава, дасти холии онҳоро нишон медиҳад.

Нишасти зиддиэронии Варшава, ки рӯзҳои чаҳоршанбе ва панҷшанбе дар пойтахти Полша баргузор шуд, бо нокомии талошҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ барои гунҷондани номи Эрон дар баёнияи поёнии он анҷом ёфт.

 

Барчасп