Феврал 20, 2019 17:34 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Зариф аз риёкорӣ ва эъмоли стандартҳои дугонаи давлати Амрико

Вазири хориҷаи Эрон аз риёкорӣ ва эъмоли стандартҳои дугонаи давлати Амрико интиқод кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон дар саҳифаи шахсии худ дар Твиттер навишт: Ҳар рӯз, ки мегузарад, тавтеаҳои амрикоиҳо барои ҷаҳониён ошкор мешавад.

Зариф бо баёни инки ҳуқуқи башар ва барномаи ҳастаӣ нигаронии воқеии Амрико нест, афзуд: Аввал як рӯзноманигор тика-тика мешавад ва ҳоло ҳам фурӯши қочоқи фанноварии ҳастаӣ ба Арабистони Саудӣ ба хубӣ риёкории Амрикоро ифшо мекунад.