Интиқоди Зариф аз риёкорӣ ва эъмоли стандартҳои дугонаи давлати Амрико
Феврал 20, 2019 17:34 Asia/Dushanbe
Вазири хориҷаи Эрон аз риёкорӣ ва эъмоли стандартҳои дугонаи давлати Амрико интиқод кард.
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон дар саҳифаи шахсии худ дар Твиттер навишт: Ҳар рӯз, ки мегузарад, тавтеаҳои амрикоиҳо барои ҷаҳониён ошкор мешавад.
Зариф бо баёни инки ҳуқуқи башар ва барномаи ҳастаӣ нигаронии воқеии Амрико нест, афзуд: Аввал як рӯзноманигор тика-тика мешавад ва ҳоло ҳам фурӯши қочоқи фанноварии ҳастаӣ ба Арабистони Саудӣ ба хубӣ риёкории Амрикоро ифшо мекунад.