Феврал 20, 2019 20:50 Asia/Dushanbe
  • Фарофикании Риёз алайҳи Эрон, сиёсате бо ҳадафи ворунасозии ҳақиқат

Иттиҳомсозиҳои Одил Алҷабир, вазири мушовир дар умури хориҷаи Арабистон алайҳи Эрон дар сафараш ба Покистон, сенарияи тозаи Риёз барои тахриби равобити Эрон ва Покистонро аланӣ кард.

Одил Алҷабир, вазири мушовир дар умури хориҷаи Арабистон дар Нишасти матбуотии муштарак бо Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, вазири хориҷаи Покистон дар Исломобод, муддаии ҳимояти Эрон аз террористҳо шуд.

Вазири мушовир дар умури хориҷаи Оли Сауд дар ҳоле Эронро ба ҳимоят аз терроризм муттаҳам кард, ки гурӯҳҳои такфирии таҳти ҳимояти Риёз нақши аслиро дар ҳамалоти террористӣ ба Эрон доранд.

Ин изҳорот пас аз вуқуи ҳодисаи террористии Зоҳидон, ки мунҷар ба шаҳодати ҷамъе аз посдорони мудофеони марзҳо ва амнияти Эрон шуд, ҳокӣ аз талоши Оли Сауд барои сарпуш гузоштан бар нақши Риёз дар ҳимоят аз ҷинояткорон аст.

13 феврал як автобуси ҳомили марзбонони Эрон дар ҷоддаи Хош-Зоҳидон дар устони Систон ва Балучистон ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт, ки дар ин ҳамла 27 нафар аз ҳофизони марзҳои Эрон шаҳид ва 13 нафар захмӣ шуданд.

Гурӯҳаки террористии Ҷайшулзулм масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифт.

Мануэл Оксен Риттер, мудири Маркази мутолеоти Евразия, давлати Арабистонро яке аз сарсахттарин ва хатарноктарин ҳомиёни гурӯҳҳои террористии фаъол дар Ховари Миёна ва ҳатто кишварҳои ғарбӣ медонад.

Ин таҳлилгари олмонӣ бо ишора ба равобити ҳасанаи кишварҳои ғарбӣ бо Арабистон хотирнишон мекунад, дар ҳоле, ки Арабистон ҳомии сарсахти гурӯҳҳои террористии фаъол дар Ховари Миёна ва кишварҳои ғарбӣ аст, ғарбиҳо ин кишварро як муттаҳиди муҳим дар ҷанг алайҳи терроризм мехонанд.  

Баҳроми Қосимӣ, сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон гуфт: Суханони оканда аз нафрати мақоми Саудӣ, ин воқеиятро тағйир намедиҳад, ки падархондаи воқеии терроризми такфирӣ дар ҷаҳон ва минтақа касе ҷуз давлати матбуи ӯ нест.