Март 09, 2019 20:28 Asia/Dushanbe
  • Таслияти шаҳодати мазлумонаи Имом Ҳодӣ (а)

Фардо сеюми раҷаби соли 1440 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 19 исфанди 1397 хуршедӣ мусодиф бо солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом ҳодӣ (а), пешвои бузурги мусулмонон ва аз наберагони поки ҳазрати Муҳаммад( с) аст.

1186 сол пеш дар чунин рӯзе, ҳазрати имом Алӣ ан Нақӣ (а) маъруф ба имом Ҳодӣ (а) аз наберагони бузургавори Расули гиромии Ислом (с) ба шаҳодат расиданд.

Он ҳазрат дар соли 212 ҳиҷрии қамарӣ дар наздикии шаҳри Мадина ба дунё омад ва таҳти роҳнамоиҳои падари бузургавораш имом Ҷавод (а) қарор гирифт ва пас аз шаҳодати эшон ӯҳдадори имомат ва раҳбарии ҷомеаи исломӣ шуд ва дар муаррифии симои тобноки исломи ростин, талоши бисёр кард.

Он ҳазрат ҷаласоти мутааддидеро барои баҳс пиромуни масоили мухталиф ақидатӣ, фикрӣ ва ё иҷтимоӣ баргузор кард ва дар ин ҷаласот ба саволот ва шубаҳоти матраҳшуда посух гуфт.

Ҷамъи зиёде аз бузургони илму адаб назди эшон гирд меомаданд ва аз дарёи бекарони дониши он ҳазрат баҳра мебурданд.

Илм ва дониши густурдаи имом Ҳодӣ (а) аз як су ва маҳбубият ва ҷозибаи зиёди эшон дар миёни мардум аз сӯи дигар, ҳасодат ва кинаи ҳокимони Аббосиро барангехт то он ки дар чунин рӯзе, он ҳазратро бо дасисае ба шаҳодат расонданд.

Ҳарами нуронии имом Ҳодӣ (а) дар шаҳри Сомирои Ироқ ҳамвора зиёратгоҳи покон ва шефтагони хонадони ҳазрати Муҳаммад( с) аст.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон шаҳодати имом Ҳодӣ (а)-ро ба тамоми мусулмонони ҷаҳон ва дӯстдорони аҳли байти исмат ва таҳорат (а), таслият мегӯяд.

 

Барчасп