Март 12, 2019 11:43 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муъаззами инқилоб: муҷоҳидатҳои дар роҳи Худо қобили ҷуброн нест

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар маросими эътои нишони олии Зулфиқор ба сардор сарлашкар Қосим Сулаймонӣ фармондеҳи неруи Қудси сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфтанд, муҷоҳидатҳои дар роҳи Худо бо ин чизҳо қобили муқобила ва қобили ҷуброн нест.

Ба гузориши Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ; раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ афзуданд, ончи дар баробари муҷоҳидат дар роҳи Худо вуҷуд дорад ва Худои мутаол дар муқобили тақдим кардан ва руи даст гирфтани ҷон ва мол дар роҳи Худо қарор дода биҳишт аст, ризои Худо аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ тасреҳ карданд, он чизҳое, ки дар дасту боли мо аст- чи ташаккури забониамон, чи ташаккури амалиямон, чи нишонамон, чи дараҷае, ки медиҳем- чизҳое аст, ки бар ҳасби муҳосиботи модии дунёӣ қобили зикр аст, аммо бар ҳасби муҳосиботи маънавӣ ва илоҳӣ қобили зикр нест; алҳамдуллиллоҳ ҳамаи шумоҳо ин муҷоҳидатҳоро кардед, талош кардед.

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ гуфтанд, алҳамдуллилоҳ Худои мутаол ба ин бародари бисёр азизамон оқои Сулаймонӣ ҳам тавфиқ дода; ишон борҳо, борҳо, борҳо ҷони худашонро дар маърази таҳоҷуми душман қарор додаанд, дар роҳи Худо барои Худо ва Мухлисалиллоҳ; ва муҷоҳидат кардаанд. ИншоАллоҳ Худои мутаол ба ишон аҷр бидиҳад ва тафаззул кунад ва зиндагии ишонро бо саодат ва оқибати ишонро бо шаҳодат қарор бидиҳад, албатта на ҳоло. Ҳануз солҳо ҷумҳурии исломӣ бо ишон кор дорад. Аммо билохира охираш иншоАллоҳ шаҳодат бошад. ИншоАллоҳ муборакатон бошад.

Сардор сарлашкар Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи неруи Қудси сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз тарафи ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ ба дарёфти нишони Зулфиқор муфтахар шуд.