Март 15, 2019 17:46 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Дифои ғарбиҳо аз сиёҳнамоӣ алайҳи мусулмонон бояд поён ёбад

Вазири хориҷаи Эрон бо муқассир донистани сиёсатҳои зиддиисломии Ғарб дар ҳамлаи террористии Зеландияи Нав, хостори поён ёфтани дифои ғарбиҳо аз сиёҳнамоӣ алайҳи мусулмонон шуд.

Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба ҳамлаи террористӣ ба ду масҷиди мусулмонон дар шаҳри Крайстчерчи Зеландияи Нав дар сафҳаи Твиттери худ навишт: Масунияти демократияи Ғарб барои тарвиҷи таассуб ва пешдоварӣ, ба вуруди одамкушҳои исроилӣ ба масҷиде дар Фаластин ва тавҳин ба мусулмонон мунҷар шудааст.

Дар пайи ҳамлаи террористии имрӯз ба намозгузорон дар ду масҷид дар шаҳри Крайстчерчи Зеландияи Нав 49 тан кушта ва беш аз 27 нафар захмӣ шуданд.

Ҳамиди Баъидинажод сафири Эрон дар Лондон низ дар Твиттер, имрӯзро сиёҳтарин рӯз дар таърихи муосир Зеландияи Нав ва рӯзе талх барои тамоми мусулмонон хонд ва навишт: Мусулмонон бо даҳҳо кушта ва захмӣ, қурбонии ифротгароӣ ва исломситезӣ шуданд.

Вай ҳамчунин бо интиқод аз наҳваи хабаррасонии шабакаи BBC-и форсӣ дар хусуси иқдоми террористӣ дар Нюзиланд навишт: Мудирони аршади BBC-и форсӣ барои террористӣ нахондани ҳамлаҳои ДИИШ ва таҷзияталабон дар Эрон тавҷеҳоти зиёде оварданд, зеро аз назари онҳо фақат ҳамалаҳое, ки алайҳи Англия сурат мегирад, террористӣ аст, аммо қатли ом дар Зеландияи Нав фақат ҳамла аст.

 

Барчасп